16 апрели соли 2020 дар Китобхонаи илмии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шуҳрат Фозилзода, Садбарг Қурбонова, духтури  Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологии шаҳр Азимҷон Ёров, раёсати донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён дар робита ба пешгирии бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ баргузор гардид.

   Ба вохӯрӣ муовини  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-и ҲХДТ дар донишкада Бозорбой Холов ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб намуд. Таъкид кард, ки дар асоси супориши Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба иқтисоди миллӣ қабул гардида, ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода шудааст. Тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

    Бозорбой Холов бо такя ба маълумоти ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зикр сохт, ки дар ҷаҳон беш аз 2 миллиону 88 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 134 ҳазору 755 нафар вафот карда, 516 ҳазору 10 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 119 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд. Гуфта шуд, ки дар пешгирии бемории сироятии коронавирус танзими маъракаҳои гуногун, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати гӯштӣ аз хориҷи кишвар, тоза нигоҳ доштани хона ва муҳити атроф, гигиенаи шахсӣ  ва ғайра нақши муҳим бозиданд. Қобили тазаккур аст, ки  ҳар бегоҳ ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ маслиҳатҳои муфид оид ба пешгирии ин вируси марговар  дода  мешаванд.

   Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» низ масъалаи пешгирӣ аз  паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор гирифта, тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷумла, ҳар рӯзи душанбе бо иштироки шахсони масъул ва роҳбарият дар назди ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ мутахассиси санитарии донишкада оид ба корҳои дар ин самт анҷомгирифта гузориш манзур менамояд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони хоҷагидорӣ ва мутахассиси санитарии донишкада корҳои профилактикӣ  ҳамарӯза гузаронда мешаванд. Дастаи дарҳои утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо  ҳар рӯз бо маҳлули гипохлорид (5%) безарар гардонда шуда, фаршҳо бо маҳлулҳои безараргардонандаи хлордор рӯбучин мегарданд. Роҳравҳо бо қуттичаҳои хурди партовҷамъкунӣ таъмин буда, гирду атроф, роҳравҳо, ҷӯйборҳо дар ҳолати хуби санитарӣ қарор доранд. Дар даромадгоҳи донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён барои безараргардонии пойафзолҳо қолинчаи безараргардонӣ гузошта шуда, дастони устодону донишҷӯён ҳар саҳар бо маҳлули махсус тоза карда мешаванд.

   Бар пояи иттилои Азимҷон Ёров, духтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  шаҳри Душанбе,  ҳарчанд то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, муассисаҳои тандурустии шаҳр дар ҳолати омодабош қарор доранд. Мавсуф таъкид кард, ки аҳли ҷомеа бояд тадбирҳои андешидаи кормандони соҳаи  тандурустиро ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус риоя намуда, ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон аз коронавируси нав бовар накарда,  танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд.

   Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фозилзода Шуҳрат зикр кард, ки мақсади асосии вохӯрӣ дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар мебошад.

Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
 ва библиографишиносӣ