29 — уми сентябри   соли  равон  тибқи нақша — чорабиниҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе  дар  соли хониши 2021-2022,    дар  хобгоҳи   МДТ  «Донишкадаи  давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода бо иштироки  адиб Нуруллои Ориф ва  муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ғаффорзода Давлатҷон, мутахассиси пешбари  Раёсати кор  бо ҷавонон  ва  варзиши шаҳри Душанбе Ғаффор Юсуф, муовини  ректор оид  ба  корҳои тарбия  ва  иҷтимоӣ Наимзода  Дилором  Наим,  сармутахассиси  тарбиявии  донишкада  Қобилҷон  Саидов,  мудири шуъбаи  кор  бо ҷавонони  донишкада Кароматулло Юсупов  вохўрии судманд баргузор гардид.

Муовини  ректор оид  ба  корҳои тарбия  ва  иҷтимоӣ  Наимзода  Дилором  Наим меҳмононро аз  номи  Раёсати донишкда  хайрамақдам  гуфта, суханро ба   муовини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ғаффорзода Давлатҷон дод.

Давлатҷон  Ғаффорзода  зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз доштиброз  дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳимро касб менамояд. Президенти кишвар ба соҳаҳои илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил  идома медиҳанд  ва онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.   Сарвари давлат борҳо  таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Нуруллои Ориф дар  мавзӯи  ваҳдати миллӣ, тараннуми  Ватан,  модар, Тоҷикистон  аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуд.  Зимнан таъкид кард, ки  ҷавонони  даврони соҳибистиқлоли кишвар  бояд ҳарчи бештар  рӯ  ба  китобхониву   мутолиа  намудани асарҳои пурғановати  ниёгон ва муосирон оранд.    Зеро ҳар  сол бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” ва  “Илм  — фуруғи маърифат”  дар  тамоми қаламрави кишвари  азизамон  доир  гардида  истодаанд. Ин ташабуси  Пешвои миллат  баҳри баланд  бардонтани сатҳи саводнокии аҳли ҷомеа   такони  ҷиддӣ мебахшад.

Дар  вохӯрӣ  иштирокчии озмуни  “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст” Умедҷон Юнусалиев  дар  васфи Пешвои миллат ва Ватан  аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат  намуд.

Дар охир  пешниҳод гардид,  ки чунин  суҳбату  вохўриҳои судманд  зуд – зуд дар донишкада ва хобгоҳи донишҷўён доир  карда  шаванд.

Кароматулло   ЮСУПОВ  

мудири шуъбаи кор бо   ҷавонони 

МДТ “ДДФСТ ба  номи  Мирзо  Турсунзода”