Имрӯз дар Китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” вохӯрии устодону донишҷуёни факултети журналистикаи телевизион ва радио бо раиси Шурои ВАО Ҳуринисо Ализода, директори ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова ва  ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Рамжед Ятимов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба омода кардани журналистони соҳавӣ дар муассисаҳои таълимии ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети журналистикаи телевизион ва радио Лутфулло Ниёзов ҳусни оғоз бахшида, суханро ба раиси Шурои ВАО Ҳуринисо Ализода дод. Мавсуф дар хусуси масоили журналистӣ, махсусан вазъи норасоии кадрҳои соҳавӣ дар самти журналистика андешаронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки журналистика ин масъулият, заҳмат ва талош аст.  Барои он ки журналистони мо тибқи меъёрҳои журналистика амал намоянд, бояд донишҳои сиёсиву ҳуқуқии зурурӣ дошта бошанд.

 

 

 

 Шаҳло Акобирова — директори ташкилоти ҷамъиятии “Хома” таъкид намуд, ки имрӯз ҷомеа маълумот ва хабарҳоро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегирад. ВАО-и имрӯзаро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва малакаи баланди касбӣ нишон дода, маълумоти муътамад ва заруриро саривақт пешкаши аҳли ҷомеа гардонанд.

    Ҳуқуқшиноси ташкилоти “Хома” Рамжед Ятимов дар масъалаи ҳуқуқи журналистон андешаҳояшро баён намуда,  таъкид кард, ки хабарнигорон бояд дониши ҳуқуқӣ дошта бошанд ва ҳамаҷониба аз он истифода кунанд.

  Қобили зикр аст, ки  вохӯрии мазкур озод баргузор гардида,  қисми асосии онро суолу ҷавоб ташкил намуд. Донишҷӯён дар ин қисмати маҳфил фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шамшер ҲОМИДОВ,

донишҷӯи курси сеюми факултети

 журналистикаи телевизион ва радио