Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 150-солагии Сергей Рахманинов ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯзҳои 4-6-уми майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе чорабинии ҷолиби диққате таҳти унвони «ВОХӮРИҲОИ ЭҶОДИИ РОМИШГАРОНИ РУС ВА ТОҶИК» баргузор гардиданд, ки дар барномаи ин вохӯриҳо дарсҳои маҳорат, лексияҳо, консертҳо, барномаи консертӣ ва мизи мудаввар баргузори шуд.

   Чорабинӣ дар сатҳи баланд дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо баргузории лексияи доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори илмҳои психологӣ, ноиби ректори Академияи мусиқии Россия оид ба робита бо ҷомеа, профессор Кирнарская Дина Константиновна дар мавзуи «Чӣ гуна истеъдодҳои мусиқиро ҷустуҷӯ ва пайдо кунем ва бо бақия чӣ бояд кард?» ифтитоҳ ёфт. Ироаи маърузаҳо дар синфхонаи санъатшиносии кафедраи «Санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ»-и факултаи мусиқӣ-омӯзгории донишкада баргузор гардид. Ҷараёни маҳфилро намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон, инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони дигар макотиби олию касбии соҳавӣ истимоъ намуданд.    Муовини ректори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори илмҳои психологӣ, профессор Кирнарская Дина Константиновна дар мавзуи «Чӣ гуна истеъдодҳои мусиқиро ҷустуҷӯ ва пайдо кунем ва бо бақия чӣ бояд кард?» маъруза намуд. Мавзуи мазкур дар асоси таҷрибаи шахсии профессор Кирнарская Д.К. таҳия гардида, ба ғайр аз макотиби олии кишвари Россия, инчунин дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ  ироа шуда, аз ҷониби олимону омӯзгорони соҳа баҳои баландро соҳиб гардидааст. Ба шунавандагон дар ин курс, ки беш аз якуним соат идома ёфт, роҳу усулҳои муосири ҳарчи бештар ҷалб намудани тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соҳаи санъати мусиқӣ хондаву намоиш дода шуд. Намунаи тестҳое, ки дар ин дарс ба шунавандагон пешниҳод шуданд, барои ҷалби соҳибистеъдодҳо ба соҳаи санъати мусиқӣ таҳия гардида, ҳоло дар чанд кишварҳои хориҷӣ низ истифода бурда мешаванд. Онҳо дар асоси шунавонидани порчаҳои мусиқӣ аз осори композиторони рус ва композиторони намоёни олам аз қабили Глинка, Чайковский, Мусоргский,  Бах, Мотсарт ва дигарон тартиб дода шуда, шунаванда дар асоси гӯш кардани ин мавод эҳсоси худро дар рӯи варақ қайд менамояд, яъне дар рӯйи варақ баъди шунидани мусиқӣ он ба тариқи сухан навишта мешавад ва ё ба тариқи сурат кашида мешавад. Тибқи талаботи тест характери мусиқӣ бо як-ду калима, масалан калимаҳои «мусиқии бозимонанд», «тӯлкашанда», «равшан», «торик» ва ғайраҳо ифода карда мешавад. Дар навбати худ шунаванда метавонад, характери мусиқии шунидаашро ба тариқи сураткашӣ, аз ҷумла кашидани сурати «чеҳраи хандон», «чеҳраи ғамгин», «мӯйи сари ба рӯй кашидашуда», яъне ифодаи «номуайян» ва ё дигар ҳолатҳо тасвир менамояд. Дар ҳамин варақ дар зери навиштаҷотҳо ё суратҳои кашида, монандии характери асарҳои шунида бо рақамҳо, масалан рақамҳои 1 ва 3; 2 ва 4; 5 ва 7; 6 ва 8 пайи ҳам ишора карда мешаванд.

   Ҳамин тариқ аз рӯйи ҷавобҳо ба саволҳои гузошташуда, сатҳи фаҳмиши мусиқии шунаванда муайян карда мешавад ва дар сурати ҷавоби дуруст пешниҳод кардан ба саволҳо чунин хонандаро метавон ба таълими ояндаи мусиқӣ ҷалб намуд. Ба ақидаи профессор Кирнарская Д.К. чунин интихоби ромишгарони оянда бар манфиати кори тамоми муассисаҳои таълимии соҳаи мусиқӣ хоҳад буд. Профессор ҳамчунин изҳор намуд, ки тестҳои мазкурро ба ихтиёри маркази санъатшиносии донишкадаи мо месупорад ва ҳар нафаре, ки дар ин ҷода мехоҳад бо ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба соҳаи санъати мусиқӣ машғул шавад аз онҳо истифода намояд.

  Пас аз ироаи маъруза профессор Кирнарская Д.К. ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод ва бо ҳамин маҳфил ба анҷом расид.   Рӯзи 5-уми май соати 15.30 маҳфили мазкур идома ёфта, бо иштироки ректорони ду боргоҳи олии санъату фарҳанг профессорон Рыжинский А. С. ва Низомӣ М. З. дар байни роҳбарияти АМР ба номи Гнесинҳо ва МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки паҳлуҳои гуногуни фаъолиятро дар бар мегирад.  Пас аз он аз соати 16.00 то 17.00 машқи барномаи консертӣ гузаронида шуд. Дар ин соат ромишгарону сарояндагон аз АМР ба номи Гнесинҳо, муассисаи мо ва хори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон  ба номи С.Айнӣ барои дар назди ҳозирин баромад намудан омодагӣ гирифтанд.

   Худи ҳамон рӯз, соати 17.30 қисмати фарҳангии чорабинӣ дар толори “Арғунун”-и МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” идома дода шуд, ки онро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М. З. ва ректори АМР ба номи Гнесинҳо, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Рыжинский А. С.  бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд. Сухангӯён бо хушнудии зиёд баргузории чунин вохӯриҳои пурмаҳсулро манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

   Сипас консерти бошукӯҳе баргузор гардид, ки онро ҳайати профессорону омӯзгорони ҳар ду боргоҳи илму маърифат омода намуда буданд. Асоси барномаи консертии ромишгарону овозхонони АМР ба номи Гнесинҳоро асарҳои мусиқии композитори намоёни рус Сергей Рахманинов ташкил дод, ки хеле ҷолиби диққат буданд. Дар оғози маҳфил аз эҷодиёти композитор Сергей Рахманинов ду асари хорӣ шунавонида шуд, ки онро хори академии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро намуд. Ин асарҳо таҳти дирижёрии ректори АМР ба номи Гнесинҳо, профессор Рыжинский А. С. дар сатҳи баланди академӣ иҷро шуданд. Шунавандагон романсҳои иҷро намудаи профессори ҳамин боргоҳи фарҳангу маърифат Стародубровская Екатерина Валеревнаро, ки дар сатҳи олии касбӣ таҳти навои фортепиано суруда шуданд, бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

   Дар иҷрои Артисти хизматнишондодаи Федератсияи Россия, профессори АМР ба номи Гнесинҳо Богданов Юрий Александрович асарҳо аз осори композиторони рус ва хориҷи кишвар шунавонида шуданд, ки низ дар сатҳи хеле баланд садо доданд.

    Дар охири чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” бо чанд суруду таронаҳои дилнишини миллии тоҷикӣ хотири меҳмонони олиқадр ва ҳозиринро шоду болида гардонданд.

   Рӯзи 6-уми майи соли 2022 соати 9.30 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар барпо гардид ва шоми ҳамин рӯз пас аз шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои таърихии атрофи он меҳмонони олиқадр ба шаҳри Москва бармегарданд.

  Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

мудири кафедраи «Санъатшиносӣ

ва назарияи мусиқӣ»