Вазири тандурустӣ изҳор дошт, табиати Тоҷикистон, ки гарму хушк мебошад, барои инкишофи вирусҳо мусоид нест

   ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар бораи эълони карантини сартосарӣ, ниқобҳои пастсифату қимат, таъсири табиати гарму хушки кишвар ба коронавирус суҳбат кард.

   Олимзода гуфт, барои эълони карантин, бахусус карантини саросарӣ, асос лозим аст.

   “Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, ягон асоси воқеӣ ҷиҳати эълон намудани карантин дар кишвар айни замон вуҷуд надорад”, — изҳор доштаст Олимзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият”.

   Дар мавриди умедвориҳо, ки бо фарорасии гармо вирус худ аз худ аз байн меравад, Олимзода гуфт, муҳити созгор барои давраҳои ҳаётии вирусҳо ин организмҳои зинда мебошанд. Вазири тандурустӣ таъкид кард, ки дар организмҳои зинда ин вирусҳо бидуни таъсири омили беруна аз байн намераванд.

   Ба гуфтаи Олимзода, вирусҳо дар муҳити беруна таҳти таъсири гармӣ қобилияти ҳаётии худро гум мекунанд ва эҳтимолияти паҳншавии онҳо ба муҳит кам мешавад.

   Вазири тандурустӣ изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон, ки гарму хушк мебошад, барои инкишофи вирусҳо мусоид нест.

   Ба суол, ки то куҷо дар сурати пайдо шудани мубталоёни коронавирус, Тоҷикистон барои мубориза бо он омода аст, вазири тандурустӣ посух додааст, ки “сифати пешниҳоди хизмат­расонии тиббӣ дар Тоҷикис­тон, чӣ дар самти пешгирӣ ва чӣ дар самти ташхису табобат аз дигар давлатҳо фарқияти зиёд надорад”.

   “Ҳангоми сар задани ҳолатҳои сироятёбӣ айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани 5000 сироятёфта шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ҳолати пайдо шудани зарурат ҷумҳуриямон метавонад имконияти бештарро сафарбар созад”, — таъкид кард вазир.

   Дар мавриди гаронӣ ва пайдо шудани ниқобҳои пастсифат дар бозор вазири тандурустӣ изҳор доштааст, ки  истифодаи ниқоб танҳо ба шахсони бемор ва кормандони тиб тавсия дода мешавад.

   “Масъулияти назорати нарх ва иҷозатномаи истеҳсоли ниқоб дар Тоҷикистон ба дӯши вазорати мо нест. Мо низ зидди баландбардории нарх ва фурӯши ниқобҳои бесифат ҳастем. Назорати ин кор ба дӯши Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, онҳо сари чанд вақт дар дорухонаҳо рейдҳо мегузаронанд”, — изҳор дошт ӯ.

   Ба суол дар бораи теъдоди вирусологҳою эпидемиологҳо дар кишвар Олимзода иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ шумораи сироятшиносон 418 нафар, эпидемиологҳо — 427, табибони озмоишгар — 588 ва табибони наҷот ва беҳискунӣ 688 нафар мебошанд, ки аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 100 сироятшинос, 218 эпидемиолог, 297 табиби озмоишгар ва 231 табиби наҷот ва беҳискунӣ фаъолият доранд.
Манбаъ: https://sputnik-tj.com/health/20200415/1031069623/Vazir-dar-borai-qarantini-sartosari-nestshavii-koronavirus-dar-garmi-va-niqobho.html

Чоп кунед