Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари асли моро ба дунё оварда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Дорам Ватане, ки чун гулу гулзор аст,

Бар дидаи ман азизу нотакрор аст.

Чун ӯ чамани хубу дилоро набувад,

Зебову ягонаву қадамбардор аст.

Баҳри Ватанам рӯзу шабон мекӯшам,

Ободтаре шавад ба ҷон мекӯшам.

Сад ҷон ба як ишораташ мебахшам,

Ҷонбахш чу ман дар Ватанам бисёр аст.

          Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Мардуми тоҷик марҳилаи вазмини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд, то ки ҳама гуна ифротгароиву бедодгариҳоро паси сар намуда ба сӯи ободию бунёдкорӣ қадам ниҳанд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки мардуми тоҷик дар тӯли 31 соли истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо беҳтарин дастовардҳо ноил гардидем. Ҳоло тамоми давлатҳо  давлати моро яке аз давлатҳои дар ҳоли рушд меҳисобанд.  Мутассифона санаи 14-16-сентябри соли ҷори дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз тарафи сарҳадбонони қирғиз ҳамлаи ногаҳонӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи низоҳои мусалаҳона чанд нафар ҳалок (ёдашон ба хайр) ва даҳҳо нафар захми гардиданд. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки ҷангро намехоҳад, аммо марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он лозим ояд ҷоннисорӣ мекунад. Оқибати ҳар як набарду низоъ ҳамеша сӯлҳ аст. Ман бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин муноқишаҳо ба зуди хотима меёбад. Рӯзи 19 сентябри соли равон Раиси Кумитаи давлати амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов пас аз мулоқот ва имзои протокол бо ҷониби Қирғизистон изҳори итминон намуд, ки дар сарҳадҳои давлатии ҳарду кишвар сулҳи ҳақиқӣ пойдор мегардад.

    Ин вазъияте, ки ба амал омад хеле нигаронкунанда буд. Моро зарур аст, ки зиракиву сиёсии хешро аз даст надода насли наврасро ба сӯи худшиносиву хештаншиносӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстӣ ҳидоят намоем.

 

Омӯзгори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ

Муллоева Нишона