Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба унвони ҷашни фархундаи ҳамбастагию ҳамзистӣ дар ба ҳам овардани миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хотима додани ҷангу даргириҳои бемаънии шаҳрвандӣ ва ҳамватанӣ нақши калидӣ гузоштааст. Ҳамасола ба ифтихори ин санаи муборак ва муқаддаси миллӣ дар тамоми созмону ташкилот ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд ва тавассути роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ шукӯҳу шаҳомати ин ҷашни пурифтихори миллию мардумӣ афзуда мешавад.

   Дар Донишкадади давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои идона ва ҷашнӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Раёсати Донишкада санаи 25 июни соли ҷорӣ, соати 09:30 дар толори Театри таълимӣ чорабинии вижа ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ихтисос дод. Қабл аз шурӯи барномаи чорабинӣ филми мустанади телевизионӣ, ки ҳудуди 20 дақиқа идома ёфта, ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, намоиш дода шуд. Дар филм ҳаводиси даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории амнияту суботи миллию мардумӣ инъикос ёфт. Тавассути ин филмномаи мустанад насли ҷавоне, ки дар толори Театри таълимӣ ҳузур дошт, аз офати ҷанги ҳамватанӣ, ки талафоти молию ҷонии фаровонро дар пай дошт, огоҳӣ пайдо намуд. Пас аз тамошои филми мустанад чорабинии фарҳангӣ ва фароғатиро ректори Донишкада, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба мушаххасоти ин рӯзи таърихӣ, ҳаводиси даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, нақши фарҳангиёну ҳунармандон дар таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, бо чашми ибрат нигаристан ба гузаштаи талхи таърихи ватанӣ, гиромидошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сифати иди ватанӣ ва умумимиллӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Воқеан, Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиро заминагузорӣ кард. Ин аст, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихи ватанӣ маҳсуб меёбад.

   Баъдан бахши эҷодии чорабинӣ оғоз шуда, дар доираи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ Ҳунармандии мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётой Муминова, устодони ҷавон ва шогирдони бахшҳои эҷодии Донишкада сурудҳои ба Ватан ва Ваҳдати миллӣ бахшидаи хешро ба самъи ҳозирин расониданд. Мавзӯъҳои Ваҳдат, Миллат, Ватан, Истиқлолият ва амсоли инҳо, ки дар репертуари эҷодии устодони бахшҳои эҷодӣ ва сарояндагони ҷавони Донишкада ҷойгоҳи махсус доранд, дар бисёре аз чорабиниҳои донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ садо медиҳанд.

   Хулоса, чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Донишкада дар сатҳи хуби ихтисосӣ ва эҷодӣ доир гардид. Филми мустанади телевизионӣ ва суханронии ихтисосии ректори Донишкада, профессор Хайриддин Усмонзода, ки ба мавзӯи мавриди назар – Ваҳдати миллӣ иртиботи бевосита доштанд, ҷанбаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиятии чорабиниро боло бурд.

      Н. Нуров,

      устоди кафедраи филологияи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

       25 июни соли 2019, сешанбе, соати 12:45