Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ воқеан ҳам ду мафҳум ва падидаи қудратманду беназире ҳастанд, ки таърихи муосири Тоҷикистонро ташаккул ва дар зеҳнҳо парвариш додаанд. Имрӯз ҳам тавассути ин арзишҳои меҳварии низомсоз устувории ҷомеаи мо дар рӯ ба рӯи чолишҳои муосир нигоҳ дошта мешавад, аъзоёни ҷомеа ба ҳам надик мешаванд ва эҳсоси ҳамшарикияшонро дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват месозанд. Аз ин ҷиҳат зарурияти дарку тавзеҳи омилҳои таъсиргузор дар таҳкими ваҳдати миллӣ имрӯз ҳам на камтар аз гузашта пайваста меафзояд.

         Алоқамандии ногусастании зуҳур ва ташаккули ин падидаи иҷтимоиро аслан ба раванди инкишофи бемайлони ҳаёти ҷомеаҳо, аз ҷумла қудрати онҳо барои пешниҳоди ҳадафҳои ягонаи тақдирсоз дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ вобаста медонанд. Бо такя аз ин омили ҳастисоз умумиятҳои нахустини иҷтимоӣ на танҳо мавҷудияти худро таъмин менамуданд, балки барои ташаккули умумиятҳои наву мураккабтари иҷтимоӣ замина фароҳам меоварданд. Яъне ҳар як зинаи таҳаввули умумиятҳои иҷтимоиро аз сатҳи оила ба авлод, аз авлод ба қавму қабила ва минбаъд ба халқияту миллат шаклу сифати муайяни тамоюли ваҳдатгаройӣ хос аст. Вале чунин саодати таърихӣ дар мавриди баҳрабардорӣ аз неъмати ваҳдатгаройӣ на ба ҳамаи иштирокдорони саҳнаи таърихи башарӣ насиб гаштааст, ки яке аз намунаҳои таассуфбори онро мо тули чандин даҳсолаҳост, ки дар мисоли кишвари ҳамсояамон мушоҳида мекунем.

       Агар аз ин фарози қисмати иҷтимоӣ ба таърихи тайнамудаи тоҷикон назар андӯзем ба осонӣ мебинем, ки кору пайкор ва амалҳои хастанопазир онро аз чашидани шаҳди саодати  ин  неъмати безавол бенасиб нагардонида будааст. Бештар аз ин дар баробари ташаккулу таҳаввули хеш мардуми мо ба умумиятҳои дигари ҳампаҳлуву ҳамниҳодонашон андӯхтани таҷрибаи татбиқи таҷрибаи ваҳдатгаройиро ба хотири идомаи ҳаёти иҷтимоиашон дареғ надоштааст. Дар ҳар як зинаи ташаккули хеш тоҷикон сарҳади тамоюли ваҳдатгароии худро вусъат бахшида, ба эъмори пойдевори умумиятҳои мураккабтару пешрафтатар шарафёб гаштаанд. Яъне тавассути чунин тамоюли ваҳдатгаройӣ тоҷикон сареътару зудтар аз дигар мардумон доираи ҳамгаройии худро аз марзи ҳуввияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул ёфтаанд. Мояи илҳомбахши ин амалҳо пеш аз ҳама майлу рағбат ва дилбастагии аҷдодони мо ба тарҳрезии ҳадафҳои созандаю бунёдкорона ва эҷоди фазои ҳусни тафоҳуму таҳаммулпазирӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаю ҳамсоягони худ ба шумор мерафт. Маҳз дар партави чунин андеша рустою шаҳрҳои мутараққӣ қомат меафрохтанд ва бо ин рифоҳи зиндагии мардум беҳтару рангинтар мегашт. Минбаъд дар заминаи ҳарчи бештар вусъат бахшидани доираи тамоюли ваҳдатгаройии хеш мардуми мо тавонистанд муттаҳидшавияшонро дар шакли умумиятҳои бузургтар аз оилаю авлод, яъне халқияту миллати мустақил таъмин намоянд. Бидуни муболиға инро метавон воқеан як ҷаҳиши беназири иҷтимоӣ дар таьрихи ташаккули миллати тоҷик арзёбӣ намуд, ки омӯзишу дарки назариявии он метавонад мӯҳтавои донишҳои моро дар бораи ҳодисаҳои дар ҳаёти ҷомеаҳои имрӯз ба амалоянда амиқтар ва аксуламали моро нисбат ба онҳо муносибу санҷидатар гардонад. Зеро падидаи фавқуззикр баёнгари он аст, ки аз як шакл ба шакли дигари иттиҳоди таърихӣ гузаштани одамон, муддати умри наслҳои зиёдро дарбар гирифта, ибтикору ҷоннисориҳои бепоёнро талаб мекунад.

         Бо такя аз андешаи мазкур метавон гуфт, ки ваҳдат барои ба воқеият пайвастан ва иҷрои муносиби вазифаҳои иҷтимоию сиёсии худ ба арзишҳои муносиби ақидатӣ, назариявӣ, таърихӣ ва иҷтимоии хосе такя менамояд, ки вижагиҳои дарки махсуси вуҷуди олам, тасаввури ташкили ҷомеаи инсонӣ, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ аз зумраи онҳо мебошанд. Бахусус бидуни ташаккули манзараи илмии оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, имконияти ба даст овардани заминаи ташаккули манзараи диди олами иҷтимоии ӯ нокомил хоҳад монд. Агар мӯҳтавои манзараи диди олами аъзоёни ҷомеа анбоштаи тасаввуроти устуравӣ, динӣ ё назарёти илмӣ бошад пас диди ӯ ҳам аз падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла заминаи ваҳдати унсурҳои ташкилдиҳандаи он ҳамин гуна хусусиятро ба худ мегирад. Инро чанде пеш профессор Ятимов С.С. низ дар яке аз мақолаҳои худ равшан дар мисоли дарки ташаккулёбии ҳаёти дунявии ҷомеа равшан нишон додааст.

   Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ маҳсули иштироки омилҳо ва заминаҳои гуногуне ҳаст, ки дар шароити мушаххаси иҷтимоӣ ба саҳнаи ҳаёти ҷамъиятии мардум ворид мешавад. Ба воқеият пайвастани талошҳои ваҳдатгароёна мавҷудияти дастгирии оммавии ирода ва ҳадафи олии ба ин мақсад расиданро низ талаб мекунад. Пас аз баргузории Иҷлосияи ХУ1 дар атрофи ғояи ҳимояи истиқлолияти давлати миллӣ худамон маҳз ана ҳамин гуна иродаю ҳадафгузории умумимиллие ташаккул ёфт, ки фаъолияту корнамоии сарвари сиёсии мамлакат онро суръату устувории комил бахшид.

            Ин ҳадафи олӣ роҳро барои ба ваҳдат расидани миллати тоҷик равшан сохт. Бо эълони ин ҳадаф бори дигар талоши ба қисмати хеш ҳоким шудан ва масъулияти инкишофи миллатро ба дӯш гирифтан дар баробари хатари эҳтимоли парокандашавӣ мубрамият пайдо карда, мардуми моро  мутаҳид гардонид. Ин ҳолат ниҳоятан талоши татбиқи амалҳои иртиҷоӣ ва монеъавиро дар инкишофи истиқлолияти ҶТ бартараф сохта, модели иҷтимоию сиёсии аз ҷониби сарвари давлатамон пешниҳодшаванда, яъне эъмори давлати миллии руи усули дунявият, қонуният ва арзишҳои демократӣ қарордоштаро байни мардум маҳбубтар гардонид. Роҳбарияти сиёсӣ тавонист бо чунин талошҳо роҳу воситаҳои дар таърихи миллатамон назири худро надоштаи аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд, истиқлолиятро нумӯъ бахшад.

           Қазовату далелҳои зикршуда баёнгари онанд, ки ваҳдатро дар таркиби умумияти таърихие ҳамчун миллат ба даст овардан кори саҳлу осон нею, балки хеле мураккабу сангин аст. Аз ин ру нақши он воқеан ҳам барҳақ дар мустаҳкамсозии пояҳои давлатдории миллӣ хеле беназиру ивазнашаванда аст. Ин масъала низ бояд мадди назар бошад, ки Ваҳдати дар фазои давлати миллӣ ба даст омада доираи боварии байни мардумро, ки дар аввал ба хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ шуда буд, минбаъд устувору фарохтар сохт. Дар сурате, ки новобаста ба мустаҳкамии нисбияшон ваҳдату ҳамбастагиҳои гурӯҳию қавмӣ ва авлодию минтақавӣ доираи боварии иҷтимоии ҷомеаро дар доираи танҳо ҳамон гурӯҳу қавм ва авлоду минтақа маҳдуд нигоҳ медоранд.  Аз ин ҷиҳат бо маҳорати нодир атрофи як ҳадафи умумии давлатсозии миллӣ ташаккул додани иродаи умумиллию бо ин усул ба даст овардани эътимоди байниҳамдигарии мардуми ин сарзамин яке аз хизматҳои базурги таърихии Пешвои миллат ба шумор меравад.

        Эътимоди васеи иҷтимоии дар натиҷаи ваҳдати миллӣ ба даст омада имрӯз кафили шукуфоии иқтисодӣ ва таъмини суботи сиёсӣ мебошад. Хушбахтона имруз арзишҳои марбут ба падидаи сулҳу субот алҳол дар тамоюли ҷаҳонбинии мардум ҷойгоҳи арзандаи худро ёфтааст ва таҳти таъсири онҳо доираи боварии иҷтимоии аъзоёни ҷомеаи тоҷик дар муқоиса бо марҳилаҳои пештараи рушди таърихии ҷомеаамон фарохтар шудааст. Эътимоди иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои умдаи ваҳдати миллӣ аст ва он бояд дар ҳамаи зинаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ниҳодина шавад.

       Мавриди зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ дар заминаи таҳкими ҳуввияти миллӣ ташаккул ва истеҳком меёбад. Ин онро ифода мекунад, ки таҳкими пояҳои шакли мувофиқи ҳувият метавонад ба таҳкими ваҳдат дар ҷомеа таъсири мусбат расонад. Зеро ошкор кардани шакли бартариятдоштаи муайяннамоии ҳуввият ба фаҳмидани он чиз имкон медиҳад, ки дар асоси кадом омилҳо эҳсоси ваҳдат байни аъзоёни гуруҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ шакл мегирад.

        Ҳамин тавр, ҳар як ҷомеа табиатан ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ, ваҳдатро дорад, то ба василаи он одамонро ба он одат диҳад, ки онҳо дар доираи як ҷомеа умумиятҳои наздик бо ҳамдигар доранд ва ривоҷу нигоҳдошти ин умумиятҳо дархури талаботи инкишофи онҳо аст. Ҳарчанд сифату вижагиҳои иҷтимоии ин ваҳдату ҳамбастагиҳо дар ҳама давру замон ва дар ҳар як ҷомеаи алоҳида якхела буда наметавонад, вале дар маҷмуъ он ҳамон як вазифаи эҷоди фазои дарку тасаввури бо ҳамдигар наздики аъзоёни умумиятҳои иҷтимоӣ, ҷомеаҳоро дар мавриди доштани умумиятҳои муштаракашон ба дӯш дорад. Аз ин лиҳоз таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам шоистаи ба ворисият додан ба наслҳои минбаъда ва омӯхтан ба кишварҳои мубталои даргирию нооромиҳои тӯли чандин солҳо идомаёбанда мебошад.

         Зарурияти роҳандозии сайъу талоши ваҳдатгаройии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пештара аст, балки дар мавриди кунунӣ он ба маротиб меафзояд. Зеро шиддати муқовимату рақобати кишварҳо ошкоро бештар ба чашм мерасад. Дар муқобили чунин муқовиматҳо ҳамон ҷомеае метавонад аз худ истодагарӣ нишон диҳад, ки агар дар баробари соири омилҳо инчунин пойдевори мустаҳками ваҳдати миллӣ дошта бошад. Баръакс заъфи чунин нерӯ боиси фурӯпошии босуръати низомҳои сиёсию иҷтимоӣ мегардад, ки солҳои охир мо шоҳиди  зуҳури чунин  падида дар як қатор мамолики дунёи муосир гаштем. Дарки эҳтимоли минбаъд ҳам афзоиш ёфтани чунин ангезаву падидаҳои хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро ба он водор  месозад, ки нерӯю захираҳои ҷомеаро барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди босуботи ватани маҳбубамон ҳарчи бештар равона созем.

Усмонзода Х.У.

д.и.ф, профессор, узви вобастаи АМИТ

Зокиров Сӯҳроб Ибодович

омӯзгори калони кафедраи ҷомеашиносии МДТ

“ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”