Имрӯз дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани табрикӣ  ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ  Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд.

    Ректори донишкада зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Ин рӯзи таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфо ба мерос гузорад. Ин дастоварди муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиамонро заминагузорӣ кард. Ин аст, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихи ватанӣ маҳсуб меёбад.

    -Дар расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи кишвар ,- иброз дошт Муҳриддин Низомӣ, — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доштанд. Он кас сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуда, тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона сохтанд. Ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин фирории Тоҷикистонро ба Ватан бар нагардонанд, ором нахоҳанд буд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокирот кушоданд ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид.

    Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми кишвар дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ин лиҳоз, барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори он, аҳаммияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад.

     Гуфта шуд, ки ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, бахусус фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

    Ректори донишкада таъкид кард, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки маркази асосии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишвар маҳсуб меёбад, симои худро ба куллӣ тағйир дод. Дар донишкада барои пешбурди пурсамари фаъолияти таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Биноҳои таълимӣ ва толори консертии «Арғунун» таъмир ва таҷдид гардида, донишкада бо асбобҳои мусиқӣ, китобҳои дарсӣ, технологияи компютерӣ, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизот таъмин карда шуд.

    Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид карда буданд: «бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».

    Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд.

    Дар анҷоми сухани табрикӣ ректори донишкада бо камоли мамнуният ин ҷашни фархундаи ҳамбастагию ҳамдилиро, ки дар ба ҳам овардани миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хотима додани ҷангу даргириҳои бемаънӣ нақши калидӣ гузоштааст, ба иштирокдорони ҳамоиш табрику муборакбод гуфта,  таманно намуд, ки хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ бар фарози Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад дурахшон бошад.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада, ки иборат аз суруду рақсҳои ҷолиб, аз қабили “Кабӯтар”, “Танавор”, “Тоҷикистон”, “Мақоми ишқ”, “Баҳор”, “Ҷавонӣ”, “Ватан”, “Шаҳло”, “Тасано”, “Гулдаста”, “Базми Бадахшон” ва “Сарвари оқил” буд, пешкаши ҳозирин гардид. Сурудҳои интихобгардида ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро тарғиб намуда, рақсҳои якка ва гурӯҳии донишҷӯён аз арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ ва рушди санъату фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ дарак медоданд. Барномаи консертиро ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом ва самимияти хосса  истиқбол намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

Синои АБУАЛӢ