Дар Театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён барномаи фарҳангӣ — ҳунарӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ нахуст прологи «Устод зинда бошед!» пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Дар лаҳзаи ёдбуд суратҳои устодони бар асари бемории сироятии коронавирус аз олам даргузашта, дар экран акс гардиданд.

Сипас, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ аҳли нишастро бо иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, бо боварӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради омӯзгорон дар анҷоми ин рисолати пуршараф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки: «ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

 

       

Дар бахши фарҳангӣ-ҳунарӣ рақсу наво, қироати шеър ва суруду оҳангҳои ҷолибу диданӣ, назири “Устод”, “Уфари насли сегоҳ”, “Уфари савти калом”, “Навои кӯҳистон”, “Навои Бадахшон”, “Чашмони хумор” ва “Тоҷикистон” бе истифодаи фонограма аз ҷоиби устодону донишҷӯён садо доданд.

 

Дар ин рӯзи хотирмон як гурӯҳ устодони донишкада аз ҷониби мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов бо Ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ