(Гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории мањфили «Ҷањони фарњангӣ» — и кафедраи филология ба муносибати зодрӯзи устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ)
Кафедраи филология дар робита бо ҳар санаи муҳимми таърихӣ ва зодрӯзи шахсиятҳои бузурги илму адаби миллӣ нишасту маҳфилҳои илмию адабӣ доир мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ва дар доираи нақша – чорабинињои кафедраи филология, санаи 19 майи соли ҷорӣ, соати 10:00 дар синфхонаи №20 бо њузури меҳмонону устодону донишҷўён мањфили илмию эҷодӣ тањти унвони «Устодон Муъмин ва Лоиқ – пешгомони шеъри муосири миллӣ» баргузор гардид. Ба маҳфил ду нафар муҳаққиқ ба сифати меҳмон даъват шуданд, ки яке ба намояндагӣ аз Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (адабиётшиноси маъруф Ҷамолиддин Саидзода) ва дигаре чун намояндаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Сафарзода) дар нишасти ҷашнии илмӣ-эҷодӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимотӣ садри маҳфили “Чаҳони фарҳангӣ”-и кафедра Нозим Нурзода оғоз бахшида, дар мавриди шахсият ва мероси адабии устодон Муъмин Каноат ва Лоиқ Шералӣ иҷмолан иттилоъ дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки ин ду саромади шеъри муосири миллӣ на танҳо дар рушди шеъру адабиёти тоҷик, балки дар таҳкими раванди худогоҳию худшиносии миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд.
Баъдан, гузориши илмии ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи «Руҳи миллӣ дар шеъри Муъмин ва Лоиқ» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт. Зимни гузориш адабиётшиноси варзида Ҷамолиддин Саидзода атрофи шахсияти миллии устодон Муъмин ва Лоиқ махсус таваҷҷуҳ намуда, бар он таъкид кард, ки шоирони мазкур дар самти дифоъ аз арзишҳои миллӣ, шахсиятҳои номвари давлатӣ ва гиромидошти мероси фарҳангӣ хидмати сазовор анҷом додаанд. Баъди анҷоми суханронӣ иштирокчиёни маҳфил, бавежа донишҷӯён ба гузоришгар чанд суолу пурсиш дар заминаи мушаххасоти миллии ашъори Муъмину Лоиқ пешниҳод намуданд ва адабиётшинос Саидзода ба суолоти донишҷӯён бо мароқу рағбати том ва бо шӯру ҳарорати хос посух гуфт. Сипас номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Сафарзода роҷеъ ба бозтоби унсурҳои суннатҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ кард. Аз ҷумла, Нурмуҳаммад Сафарзода рӯйи забону услуби эҷодӣ, мушаххасоти суннатӣ ва аносири фарҳанги миллӣ тамаркуз карда, бар он ишора намуд, ки Лоиқ донандаи хуби суннату анъанаҳои мардумӣ буда, дар ашъораш аз ойину маросимоти миллӣ зиёд истифода кардааст. Дар ҳошияи гузоришҳои меҳмонон устодони кафедраи филология А. Ғоибӣ, С. Ғафурӣ, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Т. Розиқӣ, декани факултаи санъати театрӣ С. Боев, мудири кафедраи режиссура ва продюсерӣ, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Рустам Воҳидӣ изҳори назар карданд.
Дар бахши эҷодии маҳфил донишҷӯёни шуъбаи режиссура ва продюсерӣ бар матни ашъори устодон Муъмин Каноат ва Лоиқ Шералӣ композитсияи адабӣ-бадеиро таҳти унвони “Суханро вазну тамкини замин бояд” манзури ҳозирин гардониданд.
Маҳфилро садри нишаст Нозим Нурзода ҷамъбаст намуда, аз донишҷӯён даъват кард, ки дар омӯзиши мероси арзишманди бузургоне мисли Муъмин Каноату Лоиқ Шералӣ фаъол бошанд ва дар роҳи дифоъ аз миллату Меҳан аз ибтикороти шоирони баруманди миллӣ пайравӣ кунанд. Ба ин тартиб, маҳфили ҷашнӣ дар сатҳи хуби илмӣ ва эҷодӣ ҷараён гирифт.
Кафедраи филология
19 майи соли 2022