(Гузориши иҷмолӣаз ҷараёни баргузории  маҳфили «Ҷаҳони фарҳангӣ» — и кафедраи филология  ба муносибати Рӯзи устод  Садриддин Айнӣ)

  Дар доираи нақша – чорабиниҳои донишкада ва кафедраи филология 21.04.2022, соати 10:00 дар синфхонаи №20 бо ҳузури устодону донишҷӯён  маҳфили илмию эҷодӣтаҳти унвони «Устод Айнӣдар роҳи дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ» баргузор гардид.

   Маҳфилро бо сухани муқаддимотӣ омӯзгори кафедра Нозим Нуров ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шахсият ва қолаби фикрию эҷодии устод Айнӣ иҷмолан иттилоъ дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки Айнӣ бузургтарин ҳимоятгари миллат, фарҳанг ва тамаддуни тоҷик дар қарни ХХ мебошад.

  Баъдан, гузориши илмии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нурмуҳаммад Сафарзода дар мавзуи «Баҳси устод Айнӣбо Мунзим дар масъалаи забони адабии тоҷик»  мавриди истимоъ ва баррасӣқарор гирифт. Гузоришгар доир ба шахсияти устод С.Айнӣва  ҷойгоҳу мақоми ӯ дар таърихи миллӣиҷмолан иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид кард, ки устод С.Айнӣаз ибтидои садаи ХХ то охири умр дар масири рушду тавсеаи забони миллӣ дар қаламрави забонӣ устуворона гом бардошта, аз  миллияти тоҷик дар баробари душманони қавмию сиёсӣдифоъ кардааст. Устод дар мавриди интихоби забони меъёр ба самти иҷтимоии расонидани забони миллӣ бо зиёиёни вақт, аз ҷумла, Мунзим баҳсҳои зиёде ороста, дар матбуоти даврии замон ба табъ расондааст. Ин аст, ки шинохти шахсият ва омӯзиши бардавоми осори устод Айнӣзарурати таърихию сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, маданӣва миллӣмебошад.

Дар бахши эҷодии маҳфил Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Тағоймурод Розиқ порчаеро аз намоишномаи «Фиғони аср», ки ба кору пайкори устод Айнӣ ихтисос ёфта аст, дар сатҳи баланди ҳирфаӣ иҷро кард.

  Пасон марҳилаи музокирот ва изҳори назарҳо дар робита бо гузориши ироагардидаи Н.Сафарзода сурат гирифт. Аз ҷумла, устодони кафедра З.Изатзода, А.Ғоибов, С.Ғафурова ва садри факултаи санъати театрӣ С.Боев перомуни ибтикороти мондагори устод Айнӣ дар заминаи забону адабиёту фарҳанги миллӣ ибрози назар намуданд. Дар навбати худ донишҷӯён тариқи саволу ҷавоб дар маҳфил ширкати фаъол варзиданд.

 

  Ба ин тартиб, гузаронидани маҳфилу нишастҳои алоҳида ба ифтихори солрӯзу зодрӯзҳои бузургони миллат, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айнӣ тақозои замон аст ва дар  ин самт минбаъд ҳам кафедраи филология аз рӯйи тавон ва имконот чорабиниҳои илмию фарҳангӣдоир хоҳад кард.

 Кафедраи филология

21.04.2022