оид ба таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимии ихтисоси “WEB — журналистика”

Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  2 декабри соли равон, тариқи он-лайн тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси “WEB — журналистика” дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бо дастгирии Барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ” — и Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт.

Дар тренинги омӯзишӣ ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Алишер Авғонов, декани факултаи режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филологӣ, профессор, менеҷери лоиҳа Зулфиддин Муъминҷонов, коршиносони маҳаллӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси “WEB — журналистика” —  профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Мурод  Муродӣ, мудири кафедраи матбуоти чопӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шариф Муллоев, дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Ҳамдамов, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада Лутфулло Ниёзов, ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессор Чжан Вэйсзян, профессори кафедраи медиа рӯзноманигорӣ, доктори илмҳои филологӣ Ми Ҷиан Ли ва устодони факултаи журналистика ва иттилооти ҳамин донишгоҳ ширкат ва перомуни мавзӯъҳои пешниҳодгардида табодули афкор намуданд.

 Муҳриддин Низомӣ паёму дуруди раёсати донишкада ва иштирокдорони тренинги он-лайниро ба ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессор Чжан Вэйсзян ва ҳайати профессорону устодони донишгоҳи мазкур расонида, иброз дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарокати стратегии ду кишвари ҳамҷавор барои боз ҳам равнақ ёфтани робитаҳои байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин  такони ҷиддӣ мебахшанд. Ректори донишкада таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстона ва шахсии роҳбарони ҳарду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшиданд.

Мавсуф зикр сохт, ки дар доираи Созишномаи ҳамкории байни ҳарду муассисаи таълимӣ баимзорасида (20 апрели соли 2017) дар назди донишкада Маркази фарҳангии Чин бунёд ёфта, заминаи ҳамкориҳои давомдорро ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати ҳар ду кишвар ба миён овард. Ба гуфтаи ректори донишкада, тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси “WEB — журналистика” ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, омӯзиши раванди таълим ва мубодилаи таҷрибаи ғании ҳарду таълимгоҳ такони ҷиддӣ мебахшад.

Ректори Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессор Чжан Вэйсзян ба созмондиҳандагони тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси “WEB — журналистика” дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” изҳори миннатдорӣ баён намуда, зимнан ба ҳозирин перомуни самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ иттилоъ дод. Бар пояи иттилои Чжан Вэйсзян, Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу бо МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар оянда доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро тавсеа бахшида, дар таҳияи стандарт ва барномаи таълимии ихтисоси “WEB — журналистика” мусоидат хоҳад кард.

Иштирокдорони тренинги омӯзишӣ як қатор масъалаҳои муҳим, назири “Омода намудани стандарт ва барномаҳои таълимии WEB — журналистика”, “Нақши WEB — журналистика дар замони муосир”, “Асосҳои ихтисоси WEB — журналистика”, “Инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯёни ихтисоси WEB — журналистика”, “Кор бо барномаҳо ва технологияҳои муосир дар доираи ихтисоси WEB — журналистика”- ро мавриди баррасии амиқ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири маҷаллаи илмии

 “Фарҳанг ва санъат”