оид ба таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Режиссёри телевизион” ва “Телеоператор”

Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 13 феврали соли равон тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Режиссёри телевизион” ва “Телеоператор” дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бо дастгирии Барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ” — и Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки то 17 феврал  идома хоҳад ёфт.

Дар тренинги омӯзишӣ мушовирони байналмилалӣ – мудири кафедраи режиссураи овоз ва кинематографияи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, профессор Иқбол Мелиқузиев, дотсенти кафедраи режиссураи овоз ва кинематографияи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Камола Хидирова, муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Мирахмедов, декани факултаи режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филологӣ, менеҷери лоиҳа Зулфиддин Муъминҷонов, коршиносони маҳаллӣ — профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Мурод  Муродӣ, дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Ҳамдамов, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада Лутфулло Ниёзов ва устодони факултаи режиссура, кино ва телевизиони донишкада ширкат ва перомуни мавзӯъҳои пешниҳодгардида табодули афкор намуданд.

Фарҳод Мирахмедов мушовирони байналмилалиро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарокати стратегии ду кишвари ҳамҷавор барои боз ҳам равнақ ёфтани робитаҳои байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон  такони ҷиддӣ мебахшанд. Ба гуфтаи муовини ректори донишкада, тренинги омӯзишӣ оид ба таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Режиссёри телевизион” ва “Телеоператор” ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, омӯзиши раванди таълим ва мубодилаи таҷрибаи ѓании ҳарду таълимгоҳ такони ҷиддӣ мебахшад. Зикр гардид, ки дар чунин тренингҳо табодули назар ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи якдигар ба амал меояд, ки барои ҳар ду тараф манфиатбахш аст.

Сипас мушовири байналмилалӣ, профессор Иқбол Мелиқузиев дар доираи мавзӯъҳои “Раванди таълими назариявӣ ва амалӣ дар ихтисоси режиссураи телевизион” ва “Кор бо барномаҳои таълимӣ ва коркарди маводҳои таълимӣ оид ба ихтисоси режиссураи телевизион” баромад намуда, аз таҷрибаҳо ва ҳолати омӯзиши ихтисосҳои “Режиссураи телевизион” ва “Телеоператор” ба донишҷӯёнро дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон бо ба намоиш гузоштани филмҳои кӯтоҳмуддат суханронӣ намуд. Ҳангоми суханронии ӯ байни тарафайн саволу ҷавоб ба миён омада, мавзӯъҳои ироагардида таҳлил ва баррасӣ карда шуданд.

Баъд аз табодули назари тарафайн мушовири байналмилалӣ Камола Хидирова оид ба мавзӯъҳои  “Раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисон дар самти телеоператорӣ” ва “Кор бо барномаҳои навин дар раванди таълими донишҷӯёни соҳаи телеоператорӣ” баромад намуда, нуқтаҳои назари хешро ироа намуд.

         Дар рӯзи дуюми тренинги омӯзишӣ, ки бо ширкати меҳмонон ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултаи режиссура, кино ва телевизион  дар толори Шӯрои олимони донишкада баргузор гашт, як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Иқбол Мелиқузиев дар мавзӯи “Тайёр намудани мутахассис – режиссёр дар раванди баргузории дарсҳои амалӣ” бо ба намоиш гузоштани наворҳои мавзӯъ суханронӣ намуда, таҷрибаҳои дар тӯли фаъолият ва сафарҳои корӣ ба даст овардаашро пешкаши иштирокдорон гаронд.

Баъдан, Камола Хидирова мавзӯи “Тайёр намудани мутахассис- оператор дар раванди баргузории дарсҳои амалӣ” — ро ба риштаи таҳлил кашида, фикру мулоҳизаҳояшро бо овардани мисолҳо аз чӣ гуна тайёр намудани ихтисоси оператор дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ироа намуд.

Иштирокдорони тренинги омӯзишӣ перомуни мавзӯъҳои матраҳгардида табодули афкор намуда, ихтисосҳои режиссёр ва операторро  аз ҷумлаи тахассусҳои серхаридори бозори меҳнат унвон карда, баргузории чунин тренингҳоро дар оянда низ мувофиқи мақсад донистанд.

Синои АБУАЛӢ,

Муҳаммаднабӣ МУСОЕВ