Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 21-22-юми апрели соли 2021 дар доираи Лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои электронии ахбори омма дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” тренинги омӯзишӣ оид ба таҳия ва дар раванди таълим татбиқ намудани стандарт ва барномаҳои таълимии ихтисоси “PR — робита бо ҷомеа” баргузор гардид. Эксперҳои байналмилалӣ -профессорон Ивета Убрезиова ва Анна Диачикова аз Донишгоҳи католикии Словакия барои экспертҳои ватанӣ ва ҳайати  профессорону устодон ва донишҷӯёни факултаи режиссура, кино ва телевизион аз таҷрибаи хеш дар таълими ихтисоси фавқуззикр нақл намуда, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.

         Маврид ба зикр аст, ки чунин тренингҳои омӯзишӣ дар доираи ин лоиҳа бо профессорони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуданд.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” барои амалӣ намудани вазифаҳои Лоиҳаи “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои электронии ахбори омма дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” аз моҳи сентябри соли 2019 то имрӯз корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, Студияи таълимии телевизион ва радио бо таҷҳизоти рақамии муосир пурра таҷҳизонида шуд, ки айни ҳол хатмкунандагони ихтисоси рӯзноманигори телевизион кори амалии хешро дар ин ҷо сабт, танзим ва барои ҳимоя пешниҳод менамоянд. Инчунин, лабораторияи танзимгарӣ бо компютерҳои махсуси танзимӣ, лабораторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ барои журналистони воситаҳои электронии ахбори омма бо таҷҳизоти замонавии забономӯзӣ омода гардида, аз соли таҳсили 2021-2022 ба фаъолият пурра шурӯъ мекунад. Ғайр аз ин, стандарти ихтисосҳои нав барои журналистон “WEB — журналистика” ва “PR — робита бо ҷомеа” бо ҳамкории экспертҳои байналмилалӣ ва ватанӣ таҳия гардида, дар арафаи тасдиқшавӣ қарор доранд.  Илова бар ин, стандарҳои истисосҳои “Режиссёри телевизион” ва “Кинотелеоператори телевизион”, барномаҳои таълимӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳои “WEB -журналистика”, “PR — робита бо ҷомеа”, “Маҳорати журналистӣ дар ВЭАО”, “Дипломатияи журналистика дар ВЭАО”, “Режиссёри телевизион”, “Маҳорати режиссёри дар ВЭАО” “Кинотелеоператори телевизион” ва “Маҳорати кинотелеоператорӣ  дар ВЭАО” низ аз тарафи экспертҳои ватанӣ бо ҳамкории экспертҳои байналмилалӣ таҳия гардида истодааст. Ин стандартҳо баъди тасдиқ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2021-2022 истифода хоҳанд шуд.

Муҳаммаднабӣ  МУСОЕВ,

мудири Студияи таълимии телевизион ва радио