Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Вале дар асл, Ҳаракати Толибон, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруф қарор додаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо неруҳои дигари тундгару радикалӣ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз 1400 километр сарњад дорад, имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвари мо таҳдид намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳаракати Толибон мо ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунем. Дигар ин ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба  масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард.

Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.

Аммо оворагардони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки баъди содир кардани хиёнату ҷиноятҳо ба хориҷа гурехтаанд ва ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд, душмани ягонаи миллати тоҷиканд. Наҳзатиҳо то ҳануз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зўроварӣ даст накашидаанд. Ташкилоти террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии наҳзат аст, то ҳануз дар шимоли ҳамсоякишвар бо амалҳои хунхоронааш даҳшатафканӣ дорад. Ҷинояти  ваҳшатноки куштори одамон (тоҷикони Афғонистон), ки як соли қабл дар вулусволии Моњимайи минтақаи Дарвози болои Афғонистон аз тарафи қотилони «Ансоруллоҳ» содир гардид, симои воқеии наҳзатиҳоро бори дигар ба намоиш гузошт ва душмани миллати тоҷик буданашонро собит кард.

18-уми феврали соли ҷорӣ  раиси мақомоти амнияти Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ зимни суханрониаш дар доираи Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм таъкид карда буд, ки фаъолияти террористии созмони «Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии наҳзат) дар шимоли ҶИА идома дорад ва хатари ҷиддие ба амнияти минтақа дорад.  Ин навъ мавқеъгирии расмии Ҳукумати Афғонистон гувоҳи он аст, ки симои созмони террористию экстремистии наҳзати исломӣ барои соири давлату кишварҳо, ки алайҳи терроризму экстремизми динию мазҳабӣ муборизаи дастҷамъона мебаранд, ошкор шудааст.

Ба ин маънӣ, Ҳаракати Толибон, ки ҳадафи гирифтани қудрати сиёсиро дар кишвари худ дунбол мекунад, ба Тоҷикистон хатаре надорад. Ҷангиёни ин ташкилот дар тамоми давраи мавҷудияти худ ягон амали душманонае зидди мардумони кишвари мо анҷом надодаанд.

Имрўз мардуми кишвар амиқан медонад, ки ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст. Раҳбари фирории наҳзатӣ, аз бозе ки дар хориҷ паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст, мудом дар қолаби иддаофурӯшии пуч созмони хунхори худро бо русиёҳӣ ба унвони ташкилоти мардумӣ ва дур аз ифроту тафритгарӣ ташвиқу тарғиб мекунад ва алайҳи давлати Тоҷикистон тавтеаву дасисаҳои нав ҷур месозад. Ба масъалаи хатари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ ба минтақа таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи муҳимро  ироа менамоем:

  1. Созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ наҳзатро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил кардаанд. Барои намуна, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони њамкориҳои Шанхай ҳанӯз 29 январи соли 2016, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ташкилоти наҳзати исломиро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуда буд. Маълум аст, ки СҲШ ҳамчун ниҳоди муқаввои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули 3,3 млрд аҳолӣ дарбар мегирад ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба масобаи ташкилоти террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. Гузашта аз ин, вазири давлатии умури хориҷии Ҳиндустон ҷаноби М.Ҷ.Шри Акбар 4 майи соли 2018 зимни ироаи гузориши ихтисосӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуноматомез вазъияти минтақа ва таҳдиду хатарҳои муосирро дуруст дарк намуда, дар асоси мадорики зарурӣ таъкид карда буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи хатари ҷиддӣ – сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ рондани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан ТТЭ ҲНИ дастболо шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар наҳзати исломӣ дида, тазаккур дода буд, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ буд.
  2. Саркардаи ТТЭ ҲНИ баъди дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдан, таҳти сарпарастии молиявии баъзе созмонҳои манфиатдори хориҷӣ қарор гирифта, тавассути сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию хабарӣ иғвогарию тавтеабозиро алайҳи давлати Тоҷикистон идома дод ва то имрӯз ин масирро бешармона мепаймояд. Тариқи расона, сомона ва торнамоҳое, ки бо сармояи пуштибонони хориҷии наҳзат таъсис ёфтаанд, саркардаҳои ин созмони хунхор бо раҳбарии М.Кабирӣ шабонарӯзӣ ба парокандани дурӯғу фитна, таҳрифи воқеиёти рӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳои мамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводиси имрӯзӣ, тавзеҳи муғризонаю яктарафаи руйдодҳо ва пахши иттилооти нодурусту душманона машғул аст. Баъзе сомона ва пойгоҳҳои наҳзатӣ ба хотири пахшу нашри иттилооту матолиби муғризона аз ҷониби созмонҳои марбутаи ғарбӣ масдуд шуданд.
  3. Наҳзат, махсусан давоми зиёда аз як соли охир дар заминаи шуюъи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ ба иғвогарӣ ва дасисачинӣ даст зада, муртакиби хиёнатҳои ҷиддӣ гардид. Замоне ки тамоми давлат ва кишварҳои муқтадири минтақаю ҷаҳон дар фикри ҳалли мушкилоти беҳдоштӣ ва маҳори коронавирус буданд, ба ном мухолифини давлат (наҳзатиёни террорист) дар робита бо паҳншавии вабои мазкур овозаю ҳангомаҳо паҳн карда, худро дар назди созмонҳои сарпарасташон ба истилоҳ, ширин менамуданд. Охири моҳи марти соли гузашта раҳбари созмони ҷинояткори наҳзатӣ мусоҳиба анҷом дода, давлати Тоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дар баробари коронавирус айбдор карданӣ шуд ва бо зоҳир кардани дуруягӣ худро дар фазои маҷозӣ то муддате чеҳрасозӣ  кард. Ҳол он ки давлат дар қиболи коронавирус ва ҷустани роҳкорҳои муассир тадбирҳои судманд андешида, то имрӯз ҷиҳати таҳкими раванди беҳдоштӣ аз тамоми имконот истифода мебарад. Воқеан, на он замон ва ҳатто на имрӯз фурсати риёкорӣ ва худпарастӣ набуду нест ва наҳзатиҳо, агар заррае хуни инсонӣ дар рагу шарёнашон ҳаракат мекард, бояд сари андешидани чораҳои зарурӣ дар қиболи ин вируси хатарбор тамаркуз менамуданд ва воқеиятҳои замону ҳассосиятҳои кишварро нодида намегирифтанд. Аммо дар гумон аст, ки ин тоифаи худпараст ва риёкор аз аспи ҷаҳл фуруд оянд ва даст аз душмани бо мардум бардоранд. Ҳамин тариқ, раҳбари наҳзатӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар замони ҳассос, ки бемории вогир ҷаҳонро ба таҳлука оварда буд, тарафи миллатро нагирифт, балки аз ин бемории хатарбор барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ва реклом кардани худ суиистифода кард, ки ин амалро ба ҷуз хиёнат чизи дигаре гуфтан нашояд.
  4. Мавқеъгириҳои раҳбари наҳзатӣ дар қиболи мушкилоти марзӣ бори дигар хиёнаткорӣ ва душмании ӯро ба намоиш гузошт. Дар замоне ки миллат ва давлати Тоҷикистон дар атрофи масоили марзӣ, бавежа ҳифзи Ворух муттаҳид шуд, наҳзатиҳо бо раҳбарии М. Кабирӣ тарафи муқобилро пуштибонӣ карданд  ва рӯйирост хиёнаткор будани худро нишон доданд. Мавқеи зиддимиллӣ ва зиддимеҳании раҳбари наҳзатиро вобаста ба баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон  миллат хуб дар ёд дорад. Дар он рӯзҳои ҳассос на танҳо тоҷикон, балки худи қирғизҳо ҳам тааҷҷуб карданд, ки давлати Тоҷикистон “мухолифон”-е доштааст, ки дар низои байни ду давлат алайҳи ватану миллати худ қарор гирифта, рӯйирост тарафи давлати бегонаро мегирифтааст. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар робита бо масоили марзӣ президентҳои собиқи Қирѓизистон Аскар Акаев ва Қурбонбек Боқиев, ки ҳар ду дар натиҷаи табаддулот аз қудрати президентӣ барканор шуда буданд, на танҳо аз тариқи баёнияву изҳорот ба ҳимояи давлаташон  бархостанд, балки барои ҳарбиёни қирѓиз маблаѓ ва ёрӣ ҳам фиристоданд. Онҳо ба лиҳози  мавқеи миллию шаҳрвандӣ тарафи давлати худро гирифтанд. Ин ду президенти сарнагуншуда, зоҳиран бояд бар зидди  ҳукумати имрӯзаи кишварашон, ки онҳоро ба ҳукми абад маҳкум кардааст, мебаромаданд. Аммо ҳисси ватандӯстӣ ва дарки миллию шаҳрвандии онҳо аз баҳсу манофеи сиёсӣ болотар истод. Вале наҳзатиён бо раҳбарии шахси Кабирӣ омода буда ва ҳастанд, ки дар сафи неруҳои ғайр истода, ба муқобили давлат ва ватани худ ҷанг кунанд. Наҳзатиҳо дар ҷанги иттилоотӣ бидуни парда алайҳи мавқеъгирии миллат ва давлати Тоҷикистон воистод ва дар ин кори шум, ки онро бидуни мулоҳиза метавон хиёнати ошкоро номид, заррае шубҳа накард. Ҳатто дар марҳилаи тозаи музокирот миёни ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки масоили марзӣ баррасӣ гардида, як навъ нармише ба амал омада истодааст, наҳзатиҳо бо тамоми неру талош меварзанд, ки музокирот ба натиҷаи дилхоҳ нарасад ва муносиботи ду давлат ҳамчунон тира боқӣ бимонанд.
  5. Хулоса, ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа таҳти сарпарастии баъзе созмонҳои манфиатдор фаъолияти зиддимиллӣ мекунад, барои Тоҷикистон ҳазорон маротиба хатарноктар аз ташкилотҳои дигари террористӣ аст. Тавре ки болотар ишора рафт, Ҳаракати Толибон, дар маҷмӯъ расидан ба қудрат ва барқарории аморати исломиро дар Афғонистон ба унвони ҳадафи стратегӣ пайгирӣ менамояд ва бемуҳобот, ҷангу ҳаракатҳои он (манзур Толибон аст) ба Тоҷикистон хатар эҷод намекунад. Зимнан, раҳбарияти наҳзатӣ аз ҳаводиси ахири Афғонистон ва забткориҳои Толибон низ ба манфиати худ суиистифода мекунад, то ин ки аҳдофи нопокашро дар минтақа пиёда созад.

Наҳзатиҳо маъмулан, аз ҳар фурсату имконот ба манфиати худ истифода мекунанд ва барои айбдор кардани Ҳукумат ва давлат талош менамоянд. Ҳатто агар ягон ҳодисаи табиӣ ҳам дар Тоҷикистон рух диҳаду боиси харобие шавад (масалан, боди сахте вазад ё сел ояд), наҳзатиҳо нашармида, аз ин ҳолат истифода мекунанду Ҳукуматро айбдор карданӣ мешаванд. Онҳо ҳатто аз бадбахтии мардум  манфиат гирифтанӣ мешаванд.

Раҳбари наҳзатӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз тариқи пахшу нашри мусоҳиба ва баёнияҳои ғайримантиқӣ ва муғризона мехоҳанд, ки тарсу ваҳшатро дар дили мардум ҷо созанд ва Толибонро ба сифати як неруи ғаддору тахрибкор, ки гӯё ҳадафи убур аз марзи Тоҷикистонро нақшабандӣ кардаанд, муаррифӣ намоянд. Дар сурате ки воқеият чунин нест ва Толибон ба ин гуна нақшабандӣ ниёз надоранд. Ин наҳзат аст, ки барномаи сохтани давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардан мехоҳад ва барои ба ҳадаф расидан аз тамоми василаҳои машрӯъ ва номашрӯъ истифода мебарад. Хушбахтона, наҳзатиҳо дар Тоҷикистон камтарин пуштувонаи мардумӣ надоранд. Муҳимтар аз ин, давлати миллӣ иқтидор ва тавонмандии онро дорад, ки алайҳи неруҳои зиддимиллие мисли ТТЭ ҲНИ муваффақона мубориза барад, аҳдофи нопоки онҳоро нақше бар об кунад ва пеши роҳи хиёнаткорони наҳзатиро бигирад.

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ

 

Рӯзномаи ИмрӯзNews

№88, 14.07.2021