Дар кафедраи бойгонишиносии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” коргардони МД “Телевизиони Тоҷикистон” бо устодони кафедра перомуни мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мусоҳиба анҷом дод.
Мудири кафедраи бойгонишиносӣ Майрам Мамадазимова зимни суҳбат иброз дошт, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Таъкид ба амал омад, ки «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат буда, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Ба гуфтаи Майрам Мамадазимова, моро зарур аст, ки таърихи миллати тоҷикро аз зинаҳои нахустин ба насли оянда омӯзонем, зеро ҳар як давраи таърихии миллат хусусияти хоси фарҳангиро дорост.
-Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аҳамияти баланди таърихӣ дошта, аз ҷиҳати таърихнигорӣ баҳои баландро соҳиб гардидааст. Асари мазкур марҳилаҳои таърихии халқи тоҷикро аз давраҳои ҷамъияти ибтидоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ва таъсисёбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ дар бар мегирад. Марҳилаҳои мазкурро муаллиф дар асоси санадҳои раднашаванда инъикос намуда, ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъият ва падидаҳои таъсиргузор ба таври возеҳ дарҷ намудааст, — иброз дошт омӯзгори кафедра Шамсулло Аминзода.
Нарзиой ХОЛИБОЕВА, муаллими калони кафедраи
бойгонишиносӣ