Имрӯз дар толори “Арғунун”-и МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иштироки ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва устодону донишҷӯёни муассиса бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид.

   Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни суханронии пурмуҳтавои ифтитоҳияш оид ба моҳият ва манфиати озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ба роҳ мондани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  ва “Илм — фурӯғи маърифат” иқдомҳои наҷиб буда, ба рушди илму ҳунар ва омода намудани кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан фарҳангу санъат заминаи мустаҳкам мегузоранд.  Дар даври донишкадавии озмун аз ҳисоби устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса 40-нафар аз рӯи номинатсияҳои “Навозандаи анъанавӣ”,  “Навозандаи эстрадӣ”, “Навозандаи академӣ”, “Сарояндагӣ – жанри академӣ”, “Сарояндагӣ – жанри эстрадӣ” ва “Сарояндагӣ – жанри анъанавӣ” иштирок намуда, ҳунару малака ва истеъдоди худро ба аъзои ҳакамон ва ҳозирин пешниҳод намуданд.

   Бояд зикр намуд, ки баргузории озмуни мазкур баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик мусоидат хоҳад кард.  Ғолибони даври донишкадавии озмун ба даври ноҳиявии озмун роҳхат мегиранд.

 Синои АБӮАЛӢ