Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «ШарқҒарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор шуд.

     Дар маросими имзои созишнома Соибҷон Бегматов, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон”, Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Усмонзода Хайридин Усмон, ноибони ректор ва декани факултаҳои донишкада ҳузур доштанд.

      Пеш аз имзои созишнома ректори донишкада Усмонзода Хайридин Усмон перомуни робитаҳои густурдаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушду густариш меёбанд.

   Ба таъкиди Усмонзода Хайридин Усмон, имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмии донишкада бо Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” беш аз пеш тавсеа ёбанд, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад, китобҳои дарсии  олимони ҳар ду кишвар ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷима ва ба табъ расанд.

    Директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” Соибҷон Бегматов тазаккур дод, ки “Шашмақом мерос ва сарвати умумиии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Мо бояд онро дар якҷоягӣ рушд ва такомул бахшем”. Зикр гашт, ки имзои созишнома қадами нахустин аст ва итминон ҳосил шуд, ки дар оянда дар ин самт, ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар, гомҳои  устувор гузошта мешаванд.

    Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, оид ба мақому манзалати мақом ибрози назар намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Бисёр мехоҳам, ки мақомҳо он ҷойгоҳеро, ки дар қарнҳои XVIII — XX доштанд, аз нав барқарор намоянд. Мақом фалсафа аст, онро бояд амиқ дарк кард, такомул бахшид ва эҳтиром намуд”, — таъкид кард Тӯхтасин Ғафурбеков.

    Ҳадафи асосии баимзорасии созишнома, таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи  санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ (“устод — шогирд”) ва нашри натоиҷи таҳқиқот ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳар ду муассиса, барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.

     Ҳамзамон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба имзо расид.

 Додоҷон  РӮЗИЕВ,

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

 «Ҷумҳурият», санаи нашр: 01.11.2019   №: 206