ДУШАНБЕ, 16.11.2019./АМИТ «Ховар»/. «Дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷавонмарде бо қадду қомати расо ва симои зебо боло шуд ва зери кафкӯбиҳои мардум ба минбар омад. Ӯ ба номи хоки муқаддаси сарзамини тоҷикон ва шири поки модар савганд хӯрд. Мисли ин ки Худованди карим ӯро дар рӯи кафи худ барои миллати тоҷик оварда буд, шахсияте, ки тавонист як сарзамини куҳанбунёд ва як миллати соҳибтамаддунро эҳёи дубора бахшад», — навиштааст ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО.  Ба давоми нигоштаи ӯ, ки дар зер оварда мешавад, таваҷҷуҳ намоед.

Душвор аст бузургӣ ва нубӯғи чунин шахсияти бузург, чун Эмомалӣ Раҳмонро дар ду-се ҷумла баён кардан. Шахсияте, ки тавонист миллати парокандаро аз сангарҳои хунрези душманӣ ба сулҳу ягонагӣ ва  ваҳдати миллӣ расонад. Ва воқеан ин шахсияти таърихӣ бо ҳама хираду фазилати ватандорӣ тавонист Тоҷикистони азизи моро аз вартаҳои фалокат наҷот бидиҳад. Шахсияте, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ хазинаҳои тиҳии як давлат, як миллати ғамзадаро аз сифр ба миллионҳо бубардорад.

Рӯ овардан ба худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти худ, таъсиси ҷашну бузургдоштҳои бузургони гузашта, эҳё ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ, Конститутсияи давлатӣ, нишон, парчам ва суруди миллӣ ва хусусан мақоми давлатӣ гирифтани забони ноби тоҷикӣ…  ин ҳама маҳз аз сиришти некманишонаю тамаддунпарвари Сарвари давлати тоҷикон  сарчашма гирифтааст.

Эҳсоси баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат буд, ки ҳама суннатҳои волои миллии мо эҳёи дубора ёфтаву шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Наврӯзи мо ҷаҳонӣ гардиду оташи ҷашни Сада аз нав фурӯзон шуд ва Меҳргон хони муҳаббат ба рӯи оламиён кушод.

Далерӣ, фидокорӣ ва ҷоннисориҳои ватандӯстонаи Пешвои миллатамон буд, ки Неругоҳи азим ва дар ҷаҳон беназири барқии “Роғун”, ки афсона метофт, ҳақиқат гардид. Нақбҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, ки кас гумон надошт, мо қудрати бунёдашонро дорем, бунёд гардиданд.

Дили саршори муҳаббату меҳри Пешво буд, ки имрӯз саросари Тоҷикистон ба боғу гулистон ва хиёбону гулгаштҳои беназир табдил меёбад. Метавон ин корномаҳои Пешворо беохир давом дод.  Тоҷикистони азизи мо ба шарофати Сарвари муаззами худ рӯз то рӯз, балки соат ба соат дар бунёдкориву шукуфоиҳост.

Муҳаббат ба илму адаб, ба китобу мактаб, дастгирӣ аз аҳли зиё, аҳли маориф, арҷгузорӣ ба таърих ва суннатҳои халқӣ, таваҷҷуҳи хоссаи Пешво ба ном, либос ва симои миллӣ, ғамхорӣ нисбат ба камбизоатон, занону кӯдакон…-  инҳо ҳама далели фазилатҳои инсонию сарварии Пешвои инсондӯст ва башарпарвари мо мебошанд. Нуфуз ва эътибори байналмиллалии Пешвои миллатамон низ сабаби сарбаландию ифтихори ҳар яки мост.

Хулоса, имрӯз суханони Пешвои миллатамон раҳнамои мо буда, ба пеш, ба сӯи дастоварду музаффариятҳои нав ба нави миллӣ ҳидоят менамоянд.

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

Аз суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар  маросими бакорандозии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бо нидое фарогир ва огандаи самимитарин эҳсосоти ватандӯстона садо дод:
«Тоҷикистон! Ба пеш! Ба пеш! Ба пеш!»

 

Пешво амр дод аз дилу ҷон: — Ба пеш!

Аз сари ҳиммату хайру эҳсон: — Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Қуллае фатҳ шуд дар раҳи азми мо,

Қуллаи дигар шуд намоён! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Дар сари қуллаи ҳиммату азми халқ

Парчами тоҷикон шуд парафшон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Мо ба ангушти худ канда хорову санг,

Раҳ ба фардо барем, эй  азизон, ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Халқи мо вораҳид аз ҳама тирагӣ,

Зулматистони мо шуд чароғон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Зулмату ғам зудо аз дилу ҷони худ,

Ҷон зи ишқи Ватан барфурӯзон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Модарон сарфароз, тифлакон бениёз,

Бо дуои кафи мӯсафедон ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Хайру эҳсони мо, фазли мардони мо,

Шуд фурӯғи нави марзи покон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Хоки озодагон, меҳани Ориён,

Сабз шуд, боғ шуд, шуд гулистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Мо ба нохун тарошида  санги Ватан

Ҳайкали шаъни худ карда бунён! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Бин, ки дар пайкари сангу кӯҳи Ватан

Пайкари меҳри мо шуд дурахшон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

Тоҷикистон! Ба пеш!

9.09.2019

Роғун, майдони ифтитоҳ

Манбаъ: http://khovar.tj/2019/11/to-ikiston-ba-pesh-suhanoni-peshvoi-millat-moro-ba-peshraft-va-muzaffariyat-oi-nav-ba-navi-mill-idoyat-menamoyand/