Ҳунар, ки театр аз мушкилтарин ва муассиртарини анвои ҳунарӣ маҳсуб меёбад,  саъю талоши ҳадафмандона барои тағйир додани зеҳни одамӣ ва ба масири инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун кардани ҷомеа мебошад. Маҳз масъалаи гузоштани  таъсире зинда бар зеҳну тафаккури инсонӣ ҳунарро имрӯзӣ ё модерн мекунад (ниг.: Ҳаузер Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Нигоҳ, 1363. –С.13) ва миёни мардум соҳибнуфуз месозад. Ин аст, ки ҳунарҳо рукни муҳиме аз ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, таваҷҷуҳи фаровонеро ба худ ҷалб мекунанд ва ҳаводорони зиёде доранд (ниг.: Греҳем Гордон. Фалсафаи ҳунарҳо: даромаде бар зебоишиносӣ. Тарҷумаи Масъуд Улё. –Теҳрон: Қақнус, 1383. -С.9). Махсусияти намоишӣ-демонстративӣ касб намудани ҳунар, минҷумла ҳунари театрӣ ба хотири эҳё намудан ва зиндаю пӯё сохтани тафаккуру тахайюли тамошобин сурат мегирад ва он як навъ забони зиндаю гӯёи табиат ва сиришти инсони ҳушёру зирак ва дурусткору ҷуръатманд аст.

        Бо таваҷҷуҳ ба ин, театр, қабл аз ҳама, бо ҷисм ё организми зинда — шуур ва тафаккури тамошобин иртибот мегирад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, вале муассир ва аз тариқи гӯшзад кардани масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра аз ибтидо рисолати ҳунари театрӣ буда ва имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Бар ин асос маорифпарвар ва мутафаккири рус В. Г. Белинский «театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост»- гуфта буд. Аз ин ҷост, ки театр инъикосгар ва бозгӯкунандаи мушкилоти рӯзмарра ва ҷиддии ҷомеа аст.

        Театр ба унвони пешоҳанги низоми фарҳангӣ-ҳунарии давр дар марҳилаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст ва ҷиҳати ба риштаи баҳси тамошобин баркашидани масоил ва мушкилоти рӯзмарра саҳми муносиб мегирад. Ҳамасола санаи 7-уми ноябр Рӯзи театр таҷлил мегардад ва ин рӯзро метавон ба унвони рӯзи баҳамоии ҳунармандони ҳирфаӣ, бозбинии донишу таҷриботи ҳунарӣ, такмили маҳорат,  тавлид ва бозтавлиди ғояҳои башарӣ, тавсеаи биниши фалсафӣ ва билохира таҳкими раванди муҳитсозии театрӣ дар ҷумҳурӣ шинохт ва қадр кард. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба театр ҳамеша итминон дошт ва дар самти ободу зебо сохтани театрҳои касбӣ, сохтмони иншоотҳои замонавии театрӣ, бароварда сохтани ниёзҳои фикрӣ, эҷодӣ, адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ, зебоиписандӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум тавассути тахсис додани маблағҳои калони буҷавӣ гомҳои устувор бардоштааст ва ин кор ҳамоно идома дорад. Муҳимтар аз ин, имрӯзҳо сохтмони муҳташамтарин бинои ҳунарии ҷумҳурӣ – Театри миллӣ идома дорад ва он ба масобаи макони фасоҳат, салосат, отифат, муҳаббат, иффат, самимият, латофат, назокат, ибодат ва мунтаҳо, ҳувият минбаъд дар хидмати ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор хоҳад гирифт. Истилоҳи ҳувият, ки маънои худшавӣ ва худбоширо дорад, ба василаи абзори фикрию мафкуравӣ, ки бо номи дастгоҳи театрӣ(театральная машина) муаррифӣ мегардад(ниг.: Бушеева С. Итальянский современный театр. –Ленинград: Искусство, 1983. –С.5), дар баданаҳои иҷтимоӣ ҷо карда мешавад. Воқеан, маънои худбошию худшавӣ  озоду мустақил, фориғ аз ҳар гуна бандубасти хурофоту таассуб буданро ифода мекунад. Худбошӣ ва ё ба истилоҳ, ҳувият он вақт ба инсон муяссар мегардад, ки фазо ва муҳити муколимоти фарҳангӣ вуҷуд дошта бошад. Ин гуна муҳитро, ки ба ҳувиятсозии ҷомеа бевосита рабт дорад, дар баробари дигар анвои ҳунар ва дониш театр ва дастгоҳи театрӣ месозад. Вобаста ба ин, масъалаи ҳадафрас ва муассир баён ёфтани матлаб ва муҳтавои намоишнома пеши назар меояд ва рисолати манзур сохтани матолиби диданӣ, шуниданӣ, фаҳмиданӣ бар уҳдаи ҳайат-персонали театрӣ – драматург, сенариянавис, коргардон, актёр вогузор мешавад ва кайфияти матолиби саҳнавӣ аз маҳорату маърифат ва диди бадеӣ-эстетикӣ ва илмӣ-таҳқиқии ҳунарманд ва персонали ҳунарӣ сахт вобаста аст. Дар зимн, ҳунарманди асил дорои шахсияти ҷомеи ҳунарӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ аст. Тору пуди ин шахсияти ҷомеи эҷодкор, ки дар доираи омӯзиш, дониш, таҷриба ва мушоҳидоти рӯзмарра шакл гирифтааст, дар театр – макони манзур намудани муқовимату муноқиша ва набарду даргирии ҳувият ва беҳувиятӣ ва бо ин тарзи конфликт(зиддият) таҳрик додани зеҳниёти тамошобин ҳувайдо мегардад. Дар доираи ин тарҳи шахсиятӣ ҳунарманди имрӯза бояд ҳайсият ёбад ва он чӣ ки дар назария аз бар намудааст, дар амалия татбиқ кунад. Татбиқи амалии назария ба ҳунарманд шахсият ва ҳувият ато мефармояд ва дар муҳитсозии театрӣ аз ҳар ҷиҳат кумакаш менамояд. Мусалламан, ҳунармандро тамошобини андешаманд, ҳушёру зирак ва ҳозирҷавоб тағйиру таҳрик медиҳад ва баръакс, тамошобин донишу маҳорати ҳунармандро тавассути нигоҳ, ҳаракат, имову ишора, нутқу сухан. Муколамаву мубоҳаса ва эҳсосу авотиф  такмил медиҳад. Ба таъбири дигар, дар ҷараёни тамошо ҳунарманд ва тамошобин ҳамдигарро тарбияву такмил мекунанд ва муносибати мутақобилан судманди айнию зеҳнии ҳунарманду тамошобин боиси ташаккул ва рушди шахсияти тарафайн мегардад. Дар назди ин гуна тамошобини ҷиддӣ ҳунарманд эҳсоси масъулият мекунад ва дар пайи ислоҳи шахсият ва нақшу образ гомҳои устувор мебардорад. Дар баробари ин, ҳунарманд ва дар маҷмӯъ, персонали театрӣ тамошобини зинда, ҳозирҷавоб, пӯё, ҷустуҷӯгар ва андешамандро ба таври тадриҷӣ тарбия мекунанд ва дар ниҳоят, ҳувият мебахшанд. Аз ин лиҳоз, театр макони ҳувиятсозӣ ва муҳити инсонсолорист.

       Ҳамин тариқ, вазифа ва рисолати театри миллӣ дар шароити бархӯрдҳои тамаддунӣ ва бозиҳои геополитикӣ, ки аксаран, ҷомеаро ба гирдоби беҳувиятӣ мекашанд, дар ҷустуҷӯ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, равонӣ, идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ зоҳир мегардад. Агар театр ниёзҳои фитрии иҷтимоъро ташхис ва бароварда насозад, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ рисолаташро таҳриф мекунад ва безавқию кӯрзавқӣ(вандализм), беилтифотӣ, бетафовутӣ, беназмӣ(хаос), саҳлангорӣ, бетараҳҳумӣ, нодонӣ, ноаҳлӣ, таассубзадагӣ ва маҷмӯан, беҳувиятӣ ҷойи бузургтарин арзишҳои инсониро баргирифта, фазо ва муҳити мусибатборро ба вуҷуд меоваранд. Бар илова, танҳо хирад ва тафаккури зиндаю созанда оммаро аз безавқӣ ва ҷаҳолатписандӣ наҷот медиҳанд ва ба сӯйи офаринишу тавлидгарӣ  раҳнамун месозанд. Шароити имрӯзӣ аз персонал ва ҳунармандони театри миллӣ тақозо мекунад, ки бо истифода аз донишу биниши зинда, таҷрибаву мушоҳида ва ҳунару маҳорати созанда, аввалан, тамошобинро ба ин кори  зебои ҳунарӣ ҷалб созанд, сониян, бо намоишномаҳои таваҷҷуҳбарангезу таассубзудо бинои зеҳни худу тамошобинро таъмиру тармими куллӣ (капиталӣ) намоянд ва ҳамеша сари мушкилот ва масоили муҳими миллию фаромиллӣ тамаркуз кунанд, то марҳилаи навини ҳувиятсозӣ муътадил  ҷараён бигирад. Ба сухани дигар, театри миллӣ ба унвони минбари худшиносӣ дар сохтани фазои бози фарҳангӣ нақши муассир дорад.

     Бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи театрро ба кулли ҳунарпешагону ҳаводорони ин навъи ҳунарӣ табрику таҳният  гуфта, ба ҳайати кормандони шуъбаи актёрии факултаи театр, кино ва телевизиони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, ҳамзамон ҳунармандони театри ватанӣ дар муваффақона анҷом додани рисолати    муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ, бавижа, сохтани фазои фарҳангӣ ва хунарӣ бурдборию  пирӯзиҳои  эҷодӣ таманно мекунам.

 

Н. Нуров – устоди кафедраи филологияи

               ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

6 ноябри соли 2019, соати 13:51