Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии театр чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

           Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки театр яке аз рукнҳои муҳимми ҳаёт ва фарҳанги башарият буда, бо ба саҳна гузоштани ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ ва муҳтавои асарҳои бадеӣ диққати ҳаводоронашро ба худ ҷалб мекунад ва ҷойгоҳи хоси худро дорад. Мавсуф зикр намуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба рушди театри миллӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳанд, ки бунёди театрҳои касбӣ, қасрҳои фарҳанг дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва сохтмони Театри миллӣ, ки дар ҷараён аст, далели сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари кишвар мебошанд.

  Сипас, декани факултаи санъати театрӣ ва режиссура Боев Собир дар бораи таърихи пайдоиши театр маълумоти мухтасар дода, ҳамбастагии театри тоҷикро бо театри ҷаҳонӣ баррасӣ карда, рушди онро дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуд.  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов дар мавзуи “Дирӯз, имрӯз ва фардои театр” суханронӣ намуда, дар бораи аввалин намоишномаҳои театрӣ ва  фаъолияти нахустин ҳунармандони соҳаи театр маълумот дода, андешаҳои фардии худро дар бораи ояндаи театри тоҷик баён намуд.

     Дар бахши ҳунарии чорабинии фарҳангӣ донишҷӯёни факултаи санъати театрӣ ва режиссура якчанд намоишномаи театрии омоданамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз тарафи ҳозирин хуб пазируфта шуд.

ҚУДРАТОВ Сино