Дирӯз  бо ибтикори Раёсати Муассисаи  давлатии  таълимии  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода” ҳайати прфессорону устодон ва донишҷӯёну кормандони  донишкада баҳри хотирмон ҷашн гирифтани Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастаҷамъона ба тамошои  намоишномаи  ҳаҷвии “Хаёлҳои  ғамгину рангин”  ба Театри давлатии академӣ — драмавии ба  номи  Абулқосим  Лоҳутӣ рафта, бо ҳисси баланди фарҳангӣ  ва шавқи тамом намоишномаро тамошо карданд.Намоишнома аз  рӯи  асари Тӯрахон  Аҳмадхонов буда,  бо  таҳия  ва коргардонии  Ҳунарпешаи  мардумии  Тоҷикистон Қурбони  Собир  ба саҳна гузошта шудааст.

   Бояд зикр намуд, ки муҳтавои намоишнома ҳодисаву таҳаввулоти дар ҳаёти воқеии одамон  ба вуқӯъ омадаро дар бар гирифта, хусусиятҳои мазҳакавӣ ва тарбиявӣ дорад.

       Ҳунармандон дар офаридани нақшҳо маҳорати баланди касбӣ нишон дода, қаҳрамонҳои хешро чун дар ҳаёти воқеӣ инъикос намуданд. Дастаҷамъона ба театр рафтан иқдоми наҷиб буда, барои баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ, фарҳангдӯстӣ ва фароҳам овардани фазои ваҳдату ягонагӣ нақши муассир мегузорад. Истиқболи гарм ва кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон аз он шаҳодат медод, ки аз тамошои намоишнома болидахотир гашта, ғизои хуби маънавӣ дарёб намудаанд.

Синои  АБУАЛӢ

Дилшод  УМАРОВ