Имрӯз дар толори китобхонаи илмии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Татбиқи муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” аз ҷониби мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Насрулло Раҳмонович баргузор гардид. Мавсуф дар баромади худ изҳор доштанд, ки Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ё таҳсилоти босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии ислоҳоти соҳа ба шумор меравад. Арзиш ва муносибатҳои касбӣ омили асосии муайянкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти омӯзгор буда, дониш ва маҳорати омӯзгорро муайян менамояд. Дар семинари мазкур муҳимтарин нуқтаҳои усули салоҳиятнокӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни семинар суолу ҷавобҳо, ки ба раванди салоҳиятнокии фаъолияти онҳо мусоидат менамуд, сурат гирифт.
Сармутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ -педагогӣ
Сайҷалолов ТОЛИБ