Дар толори “Арғунун” -и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 13 — уми декабри соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шинохтаи ин кишвар ширкат варзиданд. Ҳадаф аз ташрифи ҳунармандони фаронсавӣ ва баргузор намудани чорабинии мазкур рушди муносибатҳои фарҳангиву дӯстӣ миёни Тоҷикистону Фронса буда, дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳангу санъати Ҷумҳурии Фаронса буд. Чорабинии фарҳангӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректори донишкада оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд оғоз гардида, ҳамчунин роҳбари ташкилоти Марказии фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) –Амал Ханум Гаджиева меҳмононро ба иштирокдорони ҳамоиш муаррифӣ намуд. Дар раванди суханронӣ А. Гаджиева зикр намуд, ки “Ҳунармандони ташрифоварда зиёда аз 27 сол аст, ки ҳунару санъати фаронсаро дар ҷаҳон муаррифӣ намуда истодаанд ва имрӯз меҳмони даргоҳи ҳунару санъати шумо гардиданд”.
Дар чорабинии мазкур ҳунармандон Алин Дефорж ва Эммануэл Пресселин иштирок намуда, бо истифода аз асбобҳои нафасиву торӣ ва аккордеон тариқи зинда барномаи консертӣ намоиш доданд. Дар раванди консерт сурудҳои анъанавӣ ва замонавии фаронсавиро сароида, ҳамчунин дар заминаи оҳангҳои русӣ, ирландӣ ва итолиёвӣ шеърҳои фаронсавиро пешкаши тамошобинон намуданд. Қисмати ниҳоии чорабинӣ бо суруди “Дӯст медорам, ватани гулҳо Душанбе” ба анҷом расида, аз ҷониби тамошобинон дар сатҳи олӣ пазируфта шуд.
Пас аз баргузории чорабинии фарҳангӣ дар толори Шурои олимони донишкада бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни соҳаи мусиқӣ дарси маҳорати “Устод — шогирд” аз ҷониби ҳунармандони Фаронса гузаронида шуд. Дар раванди он оид ба фаъолияту рушди малакаи касбӣ дар соҳаи мусиқии касбӣ миёни меҳмонон ва иштирокчиён мусоҳиба сурат гирифт. Дар қисмати ҷамъбастӣ меҳмононро муовини ректори донишкада оид ба таълим Фарҳод Махсудзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуда, барои намоиши чорабинии хотирмон ва баргузории дарси маҳорати “Устод — шогирд” аз номи Раёсати донишкада изҳори миннатдорӣ намуд.
Меҳриддин ХОЛОВ,
сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”