20 — уми  апрели соли  равон  дар Китобхонаи  илмии  донишкада дар асоси  Нақша- чорабиниҳои  дуҷонибаи   байни Кумитаи   кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  дар робита  ба  тарбияи ватандӯстӣ, баланд   бардоштани  ҳувияти  миллӣ, маърифати  ҳуқуқӣ , ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, пешгирии ҷинояту  ҷинояткорӣ, оворагардию  кирдорҳои  зидиахлоқӣ, шомилшавии   наврасону  ҷавонон ба  ҳизбу  ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ  ва  суиқасд  ба  ҷони худ,  хариду  фурӯши  одамон,  пешгирии нашъамандӣ, экстремизм,  терроризм ва  дигар  самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатии ҷавонон миёни донишҷӯёну устодон  аз  усули  «Факултет  ба факултет» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар вохӯрӣ  Нусратулло  Маҳмудзода-  мутахассиси  пешбари  бахши  кор  бо  ҷавонони  Раёсати кор бо ҷавонон  ва  варзиши шаҳри  Душанбе,  Достон Набив     —  роҳбари  ҷавонони  гурӯҳи  «Авангард» дар  ШВКД — 1   ноҳияи  Синои шаҳри  Душанбе  ва  Кароматулло  Юсупов  —  мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони донишкада  иштирок  ва  суханронӣ  намуданд.

  Мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони донишкада  оид ба фаъолияти бахши ҷавонони муассиса маълумот дода, зикр сохт, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ баҳри пешрафти ҷомеа васеъ ба роҳ монда шудааст. Сипас  мутахассиси  пешбари  бахши  кор  бо  ҷавонони  Раёсати кор бо ҷавонон  ва  варзиши шаҳри  Душанбе  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  ҳар  як  ҷавони баору  номуси    кишвар  бояд  дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири фардои дурахшони Ватан фаъолона иштирок намояд, бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати дигарон бошад. Гузашта аз ин, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Нусратулло Маҳмудзода   як   нуктаи муҳро ба  саъми  иштирокдорони вохӯрӣ  расонд,  ки  вақтҳои  охир дар  шабакаҳои  интернетӣ  бо пахши  ҳар  гуна ролику  таблиғҳои беасосу бепоя ва муғризона  давлату  миллати   моро айбдор мекунанд. Ба навишаҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дода нашавед, зеро муаллифони ин гуна матлабҳо шахсоне мебошанд, ки аслан пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамонро дидаву шунидан намехоҳанд. Онҳо ҳамон  хоинони   миллат  ҳастанд, ки  ҳадафашон ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар ва ба ҳамин васила гирифтани маблағҳои калон аз дасти хоҷагони дохилию хориҷиашон мебошад.

   Достон  Набив     —  роҳбари  ҷавонони  гурӯҳи  «Авангард» дар  ШВКД – 1- и    ноҳияи  Синои шаҳри  Душанбе  дар суханронии худ ба  масъалаи ворид  шудани   наврасону  ҷавонон  ба  шабакаҳои  баҳсбарангези  интернетӣ  ибрози  назар  намуд.  Мавсуф аз устодону  донишҷӯён  даъват  ба  амал  овард,  ки   аз    шабакаҳои  интернетӣ  танҳо    ба  манфиати   кор  ва самаранок истифода баранд.

Ҳозирин аз ин вохӯрӣ таассуроти  нек бардошта, пешниҳод намуданд, ки минбаъд низ чунин дидору гуфтугӯҳо бо ширкати мутахассисони соҳаҳои гуногун роҳандозӣ гарданд.

Кароматулло  ЮСУПОВ,

мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони

МДТ  «ДДФСТ ба номи  Мирзо  Турсунзода»