Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта маҳсуб меёбад, бинобар ин тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими оилаву мактаб будаву ҳаст, зеро овони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ давраи ҳассосу пурмаҳсул, ҳамзамон барои тарбияи муҳаббат ба Ватан марҳилаи пурмасъулият ба шумор меравад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун раванди ташаккули ботадриҷ ва устувори муҳаббат ба Ватан фаҳмида мешавад. Шахс бояд дар замири хеш ҳисси ифтихор ба Ватан ва мардуми худ, эҳтиром ба дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаи аҷдодонро ташаккул диҳад.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон «асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад». Яке аз воситаҳои муассири ташаккули тафаккури нав, ки дар адабиёти илмӣ бештар ба унвони «тафаккури миллӣ» маъмул аст, ин тарбияи миллӣ мебошад. Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 94 аз 3.03.2006 тасдиқ гардидааст, тарбияи миллӣ чунин арзёбӣ гардидааст: «тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба мақоми олии қонунбарори мамлакат иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги хештаншиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем.
Воқеан, тамоми паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, онҳо ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик, яке аз миллатҳои қадимаи дунё мебошанд, ки дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостон соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.
Воқеан, таърихи башар ва инкишофи он нишон медиҳад, ки ҳар як насл таҷрибаю дониши андӯхтаашро ба насли оянда ба мерос мегузорад. Насли оянда бошад, дар навбати худ бояд ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро сайқал дода, пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин намояд. Новобаста аз он, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мушкилиҳои зиёде дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа вуҷуд доштанд, роҳбари ғамхору бунёдкор ва оянданигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат ҳанӯз солҳои 1993 нахустин вохӯриро анҷом дода, зимнан таъкид намуданд, ки: «Ҳадафи сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти ватани азизамон мебошад».
Вобаста ба ин, моро лозим аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати неку содиқона ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро ин масъалаҳои муҳим ба мафкураи ҷомеа, махсусан, тафаккури насли ҷавон таъсири мусбат мегузорад. Мусаллам аст, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Зеро ҷавонон неруи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб меёбанд.
Муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми давлатии роҳнамоии касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти давлату миллат ба ҳисоб рафта, он бояд тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирад, ба ҷавонон имконияти васеи интихоби касб, таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳоро ҳамчун мутахассиси варзидаву дар бозори меҳнат рақобатпазир таъмин менамояд.
Имрӯз дар олам беш аз 40 ҳазор намуди касб мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи доимотағйирёбандаи бозори меҳнат ва пешрафти ҷомеа 500 намуди касб аз байн рафта, ҳамзамон шумораи зиёди касбу ҳунарҳои наву ҷавобгӯи дархости давру замон ба миён меоянд. Дар чунин маврид саволе ба миён меояд, ки оё ҷавонони имрӯза касбро аз рӯи хоҳиш ва қобилияти хеш интихоб мекунанд? Зеро шавқу ҳавас ва рағбат надоштан ҳангоми интихоби касб боиси он мегардад, ки наврасону ҷавонон аз рӯи касби саҳвану таваккал интихобкардаашон фаъолият кардан намехоҳанд, аз ин рӯ ба кор дилгармӣ надоранд ва оқибат корашон самар намедиҳад. Махсусан як ҷизро таъкид бояд кард, ки касб аз ҳунар фарқ дорад. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар интихоби касб ҷавонон ба чунин хатогиҳо роҳ медиханд: интихоби касб бо таъсири падару модар; интихоби касб бо таъсири рафиқон; аз ҷиҳати зоҳирӣ интихоб кардани касб ва бемақсад интихоб кардани касб. Дар ин самт волидайн бояд нақши муҳимро бозанд. Онҳо имконияту кобилияти фарзандро ба инобат гирифта, бояд дар ҳамкории зич бо омӯзгорону равоншиносон ба онҳо дар интихоби дурусти касб кӯмак расонанду маслиҳат диҳанд. Интихоби касб ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандагонро ба инобат гирифта, дар қалби онҳо нисбати касби дӯстдоштаашон меҳру муҳаббатро бедор созад. Бо ин мақсад бояд дар муассисаҳои томактабию таълимӣ гӯшаҳои интихоби касб бо унвони “Ҳамаи касбҳо хубанд”, “Касби ман – ифтихори ман”, “Кӣ шудан мехоҳӣ?” ва амсоли инҳо ташкил шуда, бо намояндагони соҳаҳои гуногун вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёму суханрониҳои хеш ба насли ҷавони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеш аз ҳама таъкид менамоянд, ки «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад». Бо боварии комил метавон зикр намуд, ки ҷавонон неруи пешбаранда ва созандаи имрӯзу ояндаи Ватани азизамон — Тоҷикистон мебошанд. Ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳушёру зирак ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа ба ҳисоб рафта, бояд фаромӯш насозанд, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат ба зиммаи онҳо вогузор шудааст. Воқеан, пешрафти ҷамъият ҳар чи бештар ба илму фарҳанг ва қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20- уми марти соли 1998 таҳти № 967 «Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, инчунин таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ва илмии кишварҳои хориҷа яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад». Барои самаранок истифода бурдани ин имконияту шароити муҳайёгардида ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншиносро мебояд, ки бо дарки масъулияти баланд баҳри омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замони муосир ва аз бар намудани касбу ҳунар, инчунин аз худ кардани техника ва технологияи иттилоотию телекомуникатсионӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Маҳз шуҷоату мардонагии сарвари хирадманду доно ва саховатпешаи диёри маҳбубамон буд, ки дар зарфи 31 -соли Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомҳои наҷибу боварибахш барои фардои дурахшони Тоҷикистон ҳамаро муттаҳид намуданд то ин ки дар ин сарзамини муқаддас як ҷомеаи комилан озоду адолатпарвар ва сарсабзу хуррам бунёд гардад.
Месазад, ки мо барои ғамхориву фарзонагии ин абармарди ҷоннисори миллат таҳсину офарин хонд, барои устувории пойдевори Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти худро барои боз ҳам шукуфову гулафшон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи қавӣ ва аз сидқи дил хизмат намоем. Мо ҷавонони хушбахту саодатманд — пайравони асилу ҳамешагии Пешвои миллат бояд барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст, аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош варзем. Зеро Пешвои миллат ба нерую тавони мо ҷавонон эътимоди комил дошта, ин нуктаро дар Паёми имсолаи хеш чунин иброз доштанд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Зикри ҳамин нукта басо муҳим аст, ки олимону муҳаққиқони тоҷик бояд саҳифаҳои номакшуфи давлатдории моро бо ҳусни зеҳн ва мӯшикофона мавриди таққиқ қарор диҳанд ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бо далелҳои муътамад ба мардум нишон диҳанд. Чунки муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихи миллати мо ба даст омадаанд, ки барои расидан ба ҳадаф дар он аём дар баробари нангу номус доштан, боз ҷасуриву далерӣ ва фидокориву қаҳрамониро талаб мекард. Бинобар ин, мо бояд шукӯҳу шаҳомати онҳоро барои хештаншиносӣ, истиқлолу сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ дар адабиёти бадеии ватанӣ ва хориҷӣ тараннум ва таҷассум намоем. Ба андешаи ин ҷониб, ин қарзи виҷдониву шаҳрвандии адибону олимон ва ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ мебошад.
Дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар мавриди тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модарон, омӯзгорон масъул дониста шуда, зикр гардидааст, ки «… бояд, ки ҳарчӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ… ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…».
Дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба тақвияти зеҳну шуури ҷавонон бешак таъсири мусбат мерасонанд.
Бо итминони комил метавон зикр кард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки барои тарбияи ҳадафманди наврасону ҷавонони кишвар андешида шудаанд, ҳамчун асноди муҳими таърихӣ, дар бойгониҳо ҳифзу нигоҳдорӣ шуда, аз ҷониби муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор ҳоҳанд гирифт ва наслҳои ояндаи миллат аз ин иқдомоти судманду беназир бархурдор хоҳанд шуд.
Бигзор Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо ҳукмфармо бошад, халқи фарҳангсолору хирадпешаи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби хеш баҳри фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултаи китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»