Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Гадо наздик ба 60 сол аст, ки дар рушду нумӯи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино нақши калидӣ бозида, на танҳо  дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

   Ин ҳунарманди маъруфи тоҷик соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфт, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши шоҳ Исмоили Сомониро бозид ва ӯ соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузошт, ки сазовори баҳои баланд гардид.

   Профессор Ҳошим Гадо аз соли 1996 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият карда, имрӯз дар ин боргоҳи ҳунару санъат ба ҳайси профессор-консултант ифои вазифа намуда, инчунин ба донишҷӯён маҳорати актёриро меомӯзонад. Устод муаллифи чандин китобу эссеҳои фалсафӣ буда, ба Китобхонаи илмии донишкада мунтазам китобҳои тозанашри худро ҳадя менамояд. Танҳо дар соли хониши 2018-2019 аз ҷониби ин ҳунарманди нотакрор ба донишкада зиёда аз 2 ҳазор нусха китоб тақдим гардидааст.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
муҳаррири донишкада