Субҳи 27 октябри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  бо иштирокчиёни Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.

   Раёсат ва аҳли профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни донишкада ҷиҳати гузаронидани фестивал омодагии ҳаматарафа гирифта буданд. Қабули меҳмонон  дар донишкада, чун анъанаҳои қаблӣ, бо садои карнаю сурнай, пешвози самимӣ бо нону намак ва эҳтироми хосаи роҳбарият  сурат гирифт. Мақсади  асосии фестивал таҳкими робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ, анъанаҳои  мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи  узви ИДМ мебошад. Дар донишкада ҳунарҳои мардумӣ, намунаи гуногуни санъати гулдӯзӣ дар рӯи матоъ, тарзи сохтани гарданбанд, тоқиҳои мардонаро, ки  маҳсули дасти хонандагони мактаби мусиқии № 32 шаҳри Левакант буд, таҳти роҳбарии муаллима Зебӣ Раҳматшоева, намуди гуногуни кордҳо, ки  бо санъати махсус ва аз шохи ҳайвонот дастасозишуда бо    ҳунари кордсозии  Бахтиёр Мирзоев аз шаҳри Истаравшан, ҳунари кулолгарии  омӯзгори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода Фозилҷон  Носиров ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

   Кулолгар Фозилҷон Носиров, ки ҳунари худро дар мактабҳои санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав  ба насли наврас меомӯзад, зикр намуд, ки дар аксари офаридаи он образи “соқӣ” дар асоси рубоиёти Умари Хайём, қаҳрамонҳои афсонавӣ дар асоси достонҳои “Шоҳнома” таҷассум  ёфтаанд.  Дар қаламдонҳои сохтаи ӯ ранги атлас ва чакан  рангомезӣ шудаанд, ки  бозгӯкунандаи ҳунари қадимаи мо тоҷикон аст. Лавҳаҳои кулолии “Мазори Шарифи Панҷакент”, “Қалъаи Ҳисор”, “Дарвозаи қалъаи Ҳисор”,  “Мазори Рӯдакӣ” ва чойхонаҳои зебои кишварамон низ  бо дасти  ин ҳунарманд арғувонсозӣ шуда буданд, ки тамошои онҳо ба меҳмонон хуш омад.

    Дар  фоэйи толори Арғунун омӯзгорону донишҷӯёни кафедраҳои эҷодии факултаҳои мусиқӣ-омӯзгорӣ ва санъати мусиқии мардумӣ бо навозиши оҳанги  Ҳаким Маҳмудов “Гулрез” аҳли меҳмононро пешвоз гирифтанд.

    Меҳмонон- иштирокчиёни фестивал дар толори  Шӯрои олимони донишкада бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд. Сипас дар маросими кушодашавии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ректори донишкад,а профессор Усмонзода Хайридин Усмон нутқ ироа намуда, нақши баргузории фестивали байналмилалии мазкурро дар ҳифзу нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ  воситаи муҳим арзёбӣ кард.

    Дар даромадгоҳи толори “Арғунун”  меҳмонон аз намунаи ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Гӯшаи китоб”, ки аз тарафи мудири  китобхонаи илмии донишкада ташкил ва дар он  китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, адабиётҳои илмӣ — соҳавии  профессорону омӯзгорони донишкада гузошта шуда буданд, дидан карданд.

   Ҳунари сузанидӯзӣ, зардӯзии Мукаррама Қаюмова – тарроҳи либос, ки дар шакли куртаю поҷомаи чакан, ҷомаи шоҳӣ, даврӣ, ҷувздон, қаламдон ва ғ. ба намоиш гузошта шуда буд, тамошобинро бо олами зебои  ҳунари гулдӯзӣ ошно менамуд.

   Дар идомаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон аз рафти баргузории ҷашни Меҳргон, ки дар донишкада баргузор мегардид, дидан карданд ва бо шодию сурури онҳо пайвастанд. Устодону донишҷӯёни факултаҳои донишкада дастовардҳои илмӣ –соҳавии худро, ки натиҷаи заҳмати зеҳнии онҳо мебошад, дар қатори дастранҷи деҳқонон ба   хони меҳргонӣ гузоштанд. Чун анъана аз  ҷашнгирии маросимҳои миллӣ  миёни факултаҳои донишкада  озмуни пухтани беҳтарин оши палав эълон гардид.

   Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни Меҳргон барномаи эҷодии омодакардаи  омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои эҷодӣ  дар идгоҳи донишкада  доир гардид, ки аз он иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ баҳравар гардиданд.

 

 Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи МИрзо Турсунзода 

[metaslider id=1690]