22-юми сентябри соли 2022 дар толори Арғунуни  Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки  муовинони ректор, сардори раёсатҳо, декани факултаҳо, мудирони кафедраҳо,  устодон ва донишҷӯён тамошои дастаҷаъмонаи филмҳои мустанади “Хиёнат”  ва “Шикасти фитна” сурат гирифт.   Филмҳои мазкур баёнгари онанд, ки тамоми найрангу дасисаҳо, ватанфурӯшиву хиёнат ва амалҳои терористиву экстремистии гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ноором кардани вазъияти кишвар ва халалдор намудани суботу амният роҳандозӣ гардидаанд, ки мақомоти давлатии дахлдор бо далелҳои раднашаванда  ҳадафи нопоки онҳоро ифшо намуданд.

      Аз муҳтавои филмҳои “Хиёнат”  ва “Шикасти фитна” бармеояд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба хотири ба даст овардани фоидаи пулӣ як гурӯҳ ҷавононро ба роҳи нодуруст раҳнамоӣ карда, ҷони даҳҳо ҷавони дигарро қурбон кардаанд.

    Пас аз тамошои филмҳои мазкур миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои иғвоангезро якдилона маҳкум намуданд.

    Ҳар як инсони комил бояд росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва моҳияти сулҳу салоҳро талқин намуда, дар ҳама ҳолат ватандӯстдор бимонад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузург дорад.   Воқеан, филмҳои ҳуҷҷатии “Хиёнат”  ва “Шикасти фитна” натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳона ва заҳматҳои шабонарӯзии ҳомиёни ҷонфидои миллату ватан буда, асли ҳақиқатро комилан бозгӯ менамоянд.

    Дар охир ҳозирин хулоса намуданд, ки мароми асосии мо пас аз тамошои филмҳои ҳуҷҷатии  “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” бояд, дар баробари мақомоти дахлдор, огоҳ намудани ҷомеа аз ҳадафҳои бадхоҳон бошад.  Махсусан, ҷавонон бояд хулосаи зарурӣ бароварда, аз моҳияти суботи давлат ва манфиати ваҳдату ягонагӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд, то ба доми онҳо наафтанд.   Ҷавонони даврони истиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таъмин намудани суботи ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд, ки ин тақозои замон аст.

    Бояд зикр намуд,  ки тамошои дастаҷамъонаи филмҳои ҳуҷҷатии  “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” дар донишкада идома дорад.

 

 

      Дилшод  УМАРОВ

Алиакбар ВОҲИДОВ