27 — уми феврал дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода” тибқи ҷадвали силсилавохӯриҳои бахши тарбия ва омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносии донишкада бо  омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо усули факултет ба факултет оид ба пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ дар соли таҳсили 2023 бо донишҷӯёни факултетҳои санъати театрӣ ва режиссура ва фарҳангшиносӣ мулоқотҳои судманд дар мавзуи шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ баргузор  гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Амондуллоев Бекмурод, сармутахассиси бахши тарбия Умаров Дилшод, раиси созмони ҷавонон Юсупов Кароматулло ва декани факултетҳо иштирок намуда, доир ба мавзуи баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо ҳусни оғоз бахшида, ақидаҳо ва мақсадҳои ғаразноки ҳизбу  ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистиро маҳкум намуд. Мавсуф инчунин тазаккур дод, ки масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротиву гурӯҳҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое, ки ба сафи чунин ҳизбу ҳаракатҳо пайвастаанд, ҷавонон буда, аз арзишҳои умумибашарии дини мубини ислом бехабаранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Шомилшавии бархе ҷавонон ба чунин созмонҳои террористӣ аз фаро гирифтани онҳо ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад. Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои иҷтимоӣ донишҷӯёнро аз оқибати гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ огоҳ намуда, роҳ надодан ба паҳншавии ақидаҳои ин ҳизбу гурӯҳҳоро, ки боиси сар задани зуҳуроти номатлуб мешаванд, вазифаи ҳар як фарди ватандӯст арзёбӣ намуд.

Сипас, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Амондуллоев Бекмурод дар доираи мавзуи баррасишаванда суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки диншиносии илмӣ имрӯзҳо ба соҳаи ҷудогонаи донишҳои илмӣ доир ба дин табдил ёфта, вазифаи он ҳимоя аз дин нест ва ба танқиду тардиди дин низ нигаронида намешавад. Яъне, диншиносии илмӣ на хусусияти динӣ ва на зиддидинӣ дорад, балки як навъ шинохти илмии дин ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ аст ва ба дин назари сирф объективӣ дорад. Аҳамияти омӯзиши диншиносии илмӣ дар он аст, ки алоқамандонашро бо ҷаҳонбинии илмӣ ошно сохта, аз фанатизми динӣ дур мекунад.

Пас аз анҷоми суханрониҳо миёни ҳозирин ва онҳое, ки маърузаҳои худро ироа намуданд, мубодилаи афкор сурат гирифта, баргузории чунин вохӯриҳоро судманд номиданд.

   ҚУДРАТОВ Сино