Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон бо ширкати мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров, ҳайати профессорону устодон ва собиқадорони кору донишҷӯёни донишкада ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки агар дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ карда бошанд, ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд.

Сипас муовини ректори донишкада Паёми шодбошии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ироа намуд:

Устодони гиромиқадр, ҳозирини муҳтарам!

         Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, рӯзгори хушу хуррам ва дар кори таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасози кишвар муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.     Бо ба инобат гирифтани заҳмати зиёди омӯзгор ва қадрдонӣ аз мақому манзалати муаллим бо иқдоми созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО аз соли 1994 ба ин тараф ҳар сол 5-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии омӯзгор — ҳамчун иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Рӯзи омӯзгорон барои мо аз он ҷиҳат хотирмону фаромӯшношуданӣ хоҳад буд, ки имрӯзҳо ҳамаи мо зери таассуроти ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон-30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанашро ба даст овард. Барои ноил гаштан ба чунин саодати беназир, яъне густаришу таҳкими истиқлол ва сулҳу суботи пойдор, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ, худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа омӯзгорони донишкадаи мо низ ҳиссагузор буда, дар  ин самт нақши муассир гузоштаанд.

Гузашта аз ин, ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар кору фаъолияти омӯзгорон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин намудани онҳо, зина ба зина баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модарон ва ҷомеа, қадршиносии онҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд.

     Дар ин самт дар донишкада корҳои муайян ба субут расонда шудаанд. Аз ҷумла, ду сол пеш маҳз тавассути дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар донишкада бинои иловагии таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки самараи Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Ҳоло пояҳои моддиву техникии донишкада сол ба сол пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардида истодаанд. Ҳамаи ин ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон амалӣ гардида, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодаанд.

Зикри як нукта муҳим аст, имсол дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари беш аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ се нафар устодони донишкада аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, устодони донишкада ҳар сол дар арафаи иди касбиашон ва дигар ҷашнҳои миллӣ бо нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки устодону донишҷӯёни донишкадаи мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” фаъолона ширкат меварзанд. Соли ҷорӣ дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст” 7 нафар аз ҳисоби устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, 6 нафари онҳо — Изатова Зулайхо — омӯзгори калони кафедраи филология, Юнусалиев Умедҷон — донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзноманигорӣ, Қудратов Сино — котиби Шӯрои олимони донишкада, Саидзода Ҳуснигул — донишҷӯи курси 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, Доруева Назира — донишҷӯи курси 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва Саидбурҳони Раҷабалӣ — донишҷӯи курси 2-юми факултаи санъати театрӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раёсати донишкада бо диплому мукофотҳои пуливу хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бошад, 26 нафар устодону донишҷӯён ширкат варзида, аз ин миён 16 нафар сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорномаҳо гардиданд.. Дар озмун 6 нафар устодону донишҷӯёни донишкада — Нуриниссо Исрибшоева, Меҳроб Имомёров, Меҳроб Талбизода, Баҳриддин Худойдодов, Сардор Муллоев  ва Навҷавон Бадиров сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.

Дар ин росто, 12 — уми июни соли равон дар толори Шӯрои олимони донишкада мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино Эраҷ Рамазонов ректори донишкада ва муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Хайруллозодаро бо Сипосномаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон, ба устодон Бозор Сайфуллозода, Раҳматулло Ҳошимов, Акрам Мирзоев, Сафаралӣ Қурбонов ва Тағоймурод Разоқов, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ супурда шуд. Устодоне, ки шогирдонашон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, бо Сипоснома сарфароз гардонда шуданд.

Омӯзгорони арҷманд!

Замони муосир аз ҳар кадоми мо  талаб менамояд, ки ҳамқадами он бошем ва дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат масъулияти бештар дошта бошем. Зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

     Воқеан, рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз — кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад.

 Бори дигар Шумо — ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва дар кору рӯзгоратон дастовардҳои рӯзафзун таманно менамоям.

Баъдан, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов ва корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров иштирокдорони ҳамоишро бо Рӯзи  забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, теъдоди зиёди устодони донишкадаро бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонданд.

Дар чорабинӣ, инчунин ба 4 нафар устодони донишкада нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 14 нафар ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар ин росто, аз ҷониби Раёсати донишкада 54 нафар устодони донишкада бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада барномаи ҷолиби фарҳангӣ-ҳунарӣ бо фарогирии шеъру оҳангҳои “Забони тоҷик”, “Устоди муҳаббат”, “Навои кӯҳистон”, “Муаллим”, “Ба муаллим”, “Биё, биё ёри қашангам”, “Баҳори ман” ва ғайра пешкаши иштирокдорони  чорабинӣ гардонда шуд.

Режиссёрони басаҳнагузоранда — ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Р. Воҳидӣ ва А. Ғуломов.

Ассистенти режиссёр — Дилшод Умаров.

Роҳбарии мусиқӣ — Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент  Шодмон Муҳиддинов.

Додоҷон РӮЗИЕВ