Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он намояндагон аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Наботов Шукрулло намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, инчунин ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок доштанд.

[metaslider id=2315]

   Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идомаи он ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон таҳти унвони «Таъсис ва инкишофи ниҳоди сиёсиву ҳуқуқии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки «Нақши ниҳоди президентӣ, бахусус, дар таҳкими низоми дунявии ҷомеаи тоҷикистонӣ беназир аст. Таҷрибаи солҳои охир дар кишвари мо ва дар дигар кишварҳои рӯ ба инкишофоварда нишон медиҳад, ки усул ва принсипи дунявияти давлат, ки мо онро интихоб намудаем, модели беҳтарини муносибати давлат бо фазои динӣ ва умуман бо муҳити фарҳангиву ақидатӣ ва маънавии ҷомеа дар замони муосир мебошад. Ин модел афзалият ва беҳбудии худро дар нигоҳдошти фазои муътадили ғояву мафкураҳои гуногун, таъмини ҳаққу ҳуқуқи баробари онҳо ва ҳамзамон, дар рафти ҳодисаҳои охири пурфоҷеаи ҷомеаҳои даргир, ки равандҳои он ба бозиҳои сиёсиву геополитикии дигар кишварҳои абарқудрат табдил ёфтаанд, нишон медиҳад. Усули дунявияти давлат сараввал ба нигоҳдошти асолати дин дар доираи муқаррароти худаш, ки пеш аз ҳама, манбаи эътиқоду имон ва маънавиёти баланди инсониву инсонпарварӣ аст, равона мебошад”.

   Ба таъкиди ректори донишкада, таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ пайваста барои ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, фарҳангу иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.

   Ҳамчунин, Наботов Шукрулло намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино аз Иҷлосияи XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи таърихии тақдирсоз дар ҳаёти мардуми тоҷик ва бунёдгари сохти нави давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ёдовар гардид.

   Бояд тазаккур дод, ки 16- ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли чорум аст, ки дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар донишкада барнома — озмуни эҷодӣ доир карда шуд, ки дар он донишҷӯёну устодон аз ашъори шоирону нависандагон шеър, суруд ва матнҳои пурмазмунро дар васфи Пешвои миллат, Ватан — Тоҷикистон пешкаши ҳозирин намуданд.

 Бобоҷон РАҲИМОВ,

омӯзгор