Дар толори  фарҳангии  хобгоҳи  МДТ  «Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  барномаи  фарҳангӣ  бахшида  ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид.

Дар  вохӯрӣ  ректори донишкада, доктори  илмҳои  филологӣ, профессор Низомӣ  Муҳриддин  Зайниддин   иштирок ва суханронӣ  намуда,  иброз  дошт,   ки Тоҷикистони  соҳибистиқлоли  мо дар  партави  сиёсати  дурандешонаю фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва  ташаббусҳои  созандаи ин  сиёсатмадори  сатҳи ҷаҳонӣ дар  як  фосилаи  кӯтоҳи   таърихӣ  тавонист  дар  арсаи  минтақавию  байналмилалӣ   ҷойгоҳи шоиста  касб  намояд. Ин  сиёсати фарҳангӣ  аслан  аз  иҷлосияи  таърихӣ  ва  сарнавиштсози  XVI – уми Шӯрои Олӣ  оғоз  ёфта, баъди  бо  роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ  ба  мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб  гардидани Эмомалӣ Раҳмон  вусъати  тоза гирифт.

Сарвари давлат, ки фарҳангро  ҳастии миллат  номидаанд,  аз  рӯзҳои нахустини  давлатдорӣ   ба  фарҳанг   такя  мекарданд  ва  имрӯз  низ  барои рушди  фарҳангии миллӣ ва  муаррифии шоистаи он  дар арсаи  байналмилалӣ  пайваста саъю талош менамоянд. Ба  таъкиди  Пешвои  муаззами  миллат,  фарҳанги  аҷдодии мо бо  шиори  фарогир ва  пурарзиши  «Пиндори нек, гуфтори нек  ва  кирдори нек» беҳтарин  ва  равшантарин  орзую  омоли  инсониятро ҳакимонаву орифона  ифода  намудааст  ва  ин  суханони  пурҳикмат  на барои як қавму  миллат, балки барои ташаккули афкору  рафтори аҳли башар  хидмат  кардаанд.

Зикр гардид, ки  донишҷӯёни  донишкада   дар  тамоми  чорабиниҳои фарҳангии донишкада  ва  берун  аз  он  фаъолона  иштирок  намуда,  дар  баланд   бардоштани  нуфузи эътибори    муассиса  саҳми арзишманди хешро   гузошта  истодаанд, ки   ин  боиси  ифтихор  ва  сарфарозии ҳар кадоми мову шумост.

 Бояд як  нуқтаи муҳимми дигарро  зикр намоем,  ки  устодону донишҷӯёни донишкада  дар  озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ  фаъолона ширкат варзида, сазовори  ҷойҳои намоён  мегарданд. Аз  ҷумла, Нуриннисо  Исрибшоева  дар  озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон  Ватани азизи ман»  иштирок намуда,   сазовори  ҷойи сеюм  гардид. Гузашта аз ин, устодону донишҷӯёни донишкада дар  даври  шаҳрии озмуни  «Фӯруғи субҳи донои китоб аст»  иштирок  намуда, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 4-уми  факултаи режиссура, кино ва телевизион  Юнусалиев Умедҷон аз рӯи номинатсияи  «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти мусоири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик» сазовори ҷойи 1-ум,  мудири кафедраи филология, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи 2-юм ва котиби Шӯрои олимони донишкада Қудратов Сино аз рӯи номинатсияи «Эҷоди назму наср»  сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо диплому мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯи курси 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Доруева Назира, ки аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» иштирок намуд, бинобар холи баландро сазовор гардидан бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд.

Пас аз суханронии  ректори  донишкада  барномаи фарҳангӣ бо унвони «Ҷавонон  — пайравони асили Пешвои миллат», ки фарогири  таронаҳои ҷазибу дилангез  дар  васфи Пешвои миллат,  Ватан, Истиқлолият  буд, аз  ҷониби  донишҷӯёни хобгоҳ  пешкаши ҳозирин  гардонида  шуд.

Кароматулло ЮСУПОВ,

мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони

МДТ  «ДДФСТ ба номи  Мирзо  Турсунзода»