9 октябри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Фалак чорабинии вижаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) ҳузур доштанд.

   Иштирокдорони ин чорабинии фарҳангӣ зикр намуданд, ки маҳз  бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санъати фалакхонӣ ба қатори ҳунарҳои  касбии овозхонӣ шомил гашта, Ансамбли  «Фалак» мақоми давлатӣ гирифт ва аз соли 2007 ба ин сӯ дар саросари кишвар 10 — уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак расман таҷлил мегардад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки маҳфуми Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст. Ин ҷост, ки имрӯз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.

   Барномаи консертӣ, ки аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов, ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Назруллоев ва роҳбари бадеии Ансамбли «Фалак» — и ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов таҳия шудааст, мақбули аҳли нишаст гардид. Созу навоҳои «Гулу парвона дар як ҷо», «Фалаки бадахшӣ», «Завқи дидор», «Дил зи дасти мо бурдӣ» ва рақси «Ёр гул сумане»-ро иштирокчиёни маҳфил бо кафкӯбиҳои бардавои пазируфтанд.

   Ёдрас мешавем, ки 90 дарсади ин барномаи ҳунарӣ аз ҷониби донишҷӯён иҷро гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
муҳаррири донишкада