Дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 1-уми сентябри соли равон, бо иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил карда шуд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Ин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.

Муҳриддин Низомӣ зикр кард, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тибқи анъана соли нави таҳсил бо Дарси сулҳ оғоз гардид. Зеро сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд. Раҳбари донишкада аз суханронии Пешвои миллат дар чорабинии бахшида ба Рӯзи дониш иқтибосҳо оварда, қайд намуд, ки Сарвари кишвар аз ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ёдовар шуда, муваффақиятҳои онҳоро ба мутолиа намудани китоб, бахусус адабиёти бадеӣ рабт доданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш ба  масъалаи таҳкими сулҳу субот таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “мо — мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд. Маҳз бо сабаби он, ки сулҳу оромӣ барои зиндагии инсон аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем”.

Дар ин росто, ректори донишкада ҳайати профессорону устодони донишкадаро муваззаф намуд, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқи шарафманди тоҷик тарбия намоянд. Зеро танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ метавонем дар таъмини минбаъдаи рушди соҳаҳои фарҳангу санъати ватани маҳбубамон саҳм гирем ва раванди таҳсили баландмазмуни тахассусиро, ки дар наздамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд, татбиқ намоем.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода устодону донишҷӯёнро аз номи Ҳукумат ва  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рӯзи дониш ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳое, ки номи пуршарафи донишҷӯро соҳиб гаштаанд, хониши хуб ва муваффақиятҳои беназир таманно намуд. Ҳамзамон, таъкид кард, ки мо бояд пайваста ба мутолиаи китоб машѓул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем. Зеро маҳз дониш омили муҳимми рушди устувори ҷомеа ба шумор рафта, дар меҳвари асосии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва баҳри зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, дар маҷмӯъ барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

 Пас аз ироаи суханҳои табрикӣ барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки сурудҳои ватандӯстона ва ватанпарваронаро дар бар мегирифт.

Додоҷон РӮЗИЕВ