Дар толори консертии “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 17 августи соли равон, бо иштироки мудири бахши иттилооти Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил карда шуд.

   Мудири бахши иттилооти Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода устодону донишҷӯёнро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, таъкид кард, ки сулҳ чун неъмати бебаҳо барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дошта, ғояи сулҳ рамзи устуворӣ ва пойдории халқи тоҷик буда, омили таҳким бахшидани ҳисси баланди худшиносӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дар баробари ин, пайваста ба мутолии китоб, бахусус адабиёти бадеӣ машғул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем. Зеро маҳз дониш омили муҳим барои таҳкими сулҳу субот ба шумор рафта, дар меҳвари асосии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва баҳри зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, оромии ҷомеа ва дар маҷмӯъ, барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

   Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳимро касб менамояд. Президенти кишвар ба соҳаҳои илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳанд ва онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.

   Мавсуф зикр сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 — и ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати тамоми муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

   Сарвари давлат таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Бинобар ин, Пешвои миллат устодону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки якҷо бо падару модарон насли наврасро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

   Ба гуфтаи ректори донишкада, ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд.

   Майрам Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, донишҷӯёнро бо ин рӯзи хотирмон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар азхуд намудани донишҳои замонавӣ ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба камол расидану ба нафъи давлату миллат садоқатмандона хизмат кардан барору комёбиҳо таманно намуд.

   Сипас, дар синфхонаҳо аз ҷониби устодони донишкада Дарси сулҳ гузаронда шуда, зимнан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифату донишманд, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯст ва дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ муҳим арзёбӣ гардиданд. Ба таъкиди устодон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 — и ноҳияи Шоҳмансур дар меҳвари фаъолияти минбаъдаи онҳо қарор хоҳад гирифт.

Додоҷон РӮЗИЕВ