1 сентябри соли равон дар толори “Арғунун” — и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таҷлил карда шуд. Иштирокдорони ҳамоиш суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.  Ба таъкиди Президенти мамлакат, равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд.

   Баъд аз тамошои суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода оид ба илм ва робитҳои байналмилалӣ Раҷабмад Амиров баромад намуда, аҳли нишастро бо ин рӯзи хотирмон, яъне Рӯзи дониш ва дарси сулҳ самимона муборакбод намуд. Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанг ҳайати профессорону донишҷӯёни донишкадаро бахшида ба Рӯзи дониш  ва дарси сулҳ табрик гуфта, ба онҳо дар соли нави таҳсили 2019-2020 барору комёбиҳо  таманно намуд.

   Сипас, дар синфхонаҳо аз ҷониби устодони донишкада дарси сулҳ гузаронда шуда, зимнан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли соҳибмаърифату донишманд, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯст ва дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ тибқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ гардиданд. Ба таъкиди устодон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар меҳвари фаъолияти минбаъдаи онҳо қарор хоҳад гирифт.

Додоҷон РӮЗИЕВ, муҳаррир

Чоп кунед