Дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 1-уми сентябри соли равон, бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил карда шуд.         Нахуст иштирокдорони ҳамоиш суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таври мустақим тамошо карданд. Баъд аз тамошои суханронии Президенти мамлакат  вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону шогирдони муассисаро бо Рӯзи дониш  табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба нав таманно намуд.

     Мавсуф Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” — ро яке аз муассисаҳои калидии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки “Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати аҳлонаву содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла, Шумо — омӯзгорону устодони муҳтарами донишкада ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму бомаърифат бо қадамҳои устувор ба ояндаи дурахшон равона аст.” Ҳамчунин, тазакур дод, ки ҳамасола устодону шогирдони донишкада дар озмуну чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо мегарданд ва муаррифгари фарҳангу санъати тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар маҳсуб мешаванд. Дар баргузории ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ низ устодону донишҷӯёни донишкада саҳмгузорӣ намуда, пайваста дар боғу ҷойҳои фарҳангии пойтахт чорбаиниҳои фарҳангӣ доир менамоянд.          Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода перомуни сулҳу субот дар кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дар баробари ин, пайваста ба мутолии китоб, бахусус адабиёти бадеӣ машғул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем. Зеро маҳз дониш омили муҳим барои таҳкими сулҳу субот ба шумор рафта, баҳри зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, оромии ҷомеа ва дар маҷмуъ, барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.         Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни сухани табрикии худ, аз ҷумла иброз дошт, ки воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Яъне, рисолати аслии мову шумо — устодону омӯзгорони арҷманд дар ин самт аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонем, то ки онҳо ба қадри сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳимояи ин неъматҳои бебаҳо ҳамеша омода бошанд.      Ин нуктаи муҳим дар суханронии имрӯзаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Гуфта шуд, ки “бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мо — мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳамияти махсус дорад. Сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд”.       Таъкид ба амал омад, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид. Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти  ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош варзанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар васоити таълими ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи баланд, озмунҳои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмунҳои байналмилалӣ бояд дар меҳвари фаъолиятамон қарор дошта бошанд.

     Мо дар ин самт дастовардҳои зиёд дорем. Ба гунаи мисол, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ 51 нафар донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, ки аз 15 то 18-уми августи соли равон дар толори “Арғунун”-и донишкада баргузор гардид,  20 нафар устодону донишҷӯёни мо ширкат варзида, аз ин миён 6 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

     Хотирнишон гардид, ки ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи даврони соҳибистиқлолӣ аз омӯзгорон, олимону донишмандон, дар маҷмуъ аз тамоми кормандони соҳаҳои маориф ва илм тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд, шогирдонашонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ  тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро вазифадор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд.

     “Мо танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ метавонем дар таъмини минбаъдаи рушди соҳаҳои фарҳангу санъати ватани маҳбубамон саҳм гирем ва раванди таҳсили баландмазмуни тахассусиро, ки дар наздамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд, татбиқ намоем”, — иброз дошт ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ