Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рамазонов Эраҷ Саъдуллоевич, як гурӯҳ устодон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикиситон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд. Чорабинии идонаро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ бо Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд.
Ректори донишкада хотирнишон сохт, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ Наврӯз ва расму оинҳои он вобаста ба русуми роиҷи он рӯзгорон ҷашн гирифта мешуд. Ниҳояти ифтихори миллати мост, ки акнун дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Наврӯз ва расму оинҳои он бо асолати таърихии худ дар сатҳи миллату давлат таҷлил мешавад. Дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили он арзандаву ситуданист. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 2010-ум Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Зикр гардид, ки далели аслии ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ шудани фарҳангу оин ва аз ҷумла ҷашнҳои тақвимию мавсимии тоҷикӣ, ҳамоно, хислати фарозамонӣ ва фаромаконӣ доштани ин фарҳанг ва расму оин аст, ки бар асоси донишҳои пухтаи кайҳоншиносӣ ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои ҷовидонии умумибашарӣ, ҳамзамон бо ҷанбаи неруманду мушаххаси миллӣ доштан ҳеч гоҳ дар маҳдудаи марзҳои замонию маконӣ ва ҷаҳонбинии эътиқодӣ боқӣ намонда, балки бо саҳифагардониҳои паёпайи таърих ҳамеша чун милаи нур бар рӯйи ҳар сафҳаи тозаи он тобон будааст ва ба фарҳанги нав татбиқ ёфтааст.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардумони форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеоложии рӯзгорон, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳатто шикасту нокомиҳо ва тасаллути комили сарзаминҳоямон аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашн кам кунанд. Баръакс, Наврӯз ба мисоли дарахти барӯманди ҳамешасабзе бо гузашти солҳо бар умқи қалбҳои мардумони эронитабор решаҳояшро устувор карда, беш аз пеш қавитару пурбортар гардида, ҳамзамон ба ҷашни миллии мардумони дигар кишварҳо низ табдил ёфтааст.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рамазонов Эраҷ Саъдуллоевич низ дар навбати худ ҳозиринро бахшида ба фарорасии ҷашни фархудапайи Наврӯз муборакбод намуда, саҳми Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-ро дар баргузори чорабиниҳои сатҳҳои гуногун назаррас арзёбӣ намуд.
Пас аз ироаи суханрониҳои табрикӣ ректори донишкада ва меҳмонон устодону донишҷӯёнеро, ки дар озмуни донишкадавии “Зан-мазҳари покизагӣ” иштирок намуда, ғолибият ба даст оварда буданд бо сипосномаву ифтихономаҳо сарфароз гардониданд. Озмуни мазкур дар доираи силсилачорабинҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо мақсади баланд бардоштани руҳияи фарҳангпарварӣ баргузор гардида буд.
Дар бахши фарҳангии чорабинии ҷашнӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино