25 — уми  апрели соли 2023 дар доираи «Ҳафтаи илм» дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид.

     Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ профессор Сайфуллозода Бозор Сайфулло дар  мавзӯи «Пешвои миллат ва  ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ оид ба масоили ОБ»-ро матраҳ намуда, зикр кард, ки «Боиси сарбаландиву сарфарозии мост, ки дар чанд соли охир ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимона ёфта, Сарвари давлати Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун чеҳраи дурахшони сиёсӣ ва поягузори дипломатсияи об дар ҷаҳони муосир пазируфта шудаанд. Маҳз иқдоми Пешвои миллати мо буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ  пешниҳоду ташаббуси Пешвои миллати мо мавриди амал қарор гирифт. 

       Маврид ба зикр аст, ки ташаббус ва пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли норасоии об барои тамоми сайёра мусоидат карда, онҳо барои пешгирии хатарҳои камобӣ нигаронида шудаанд. Пешвои миллат низ пайваста иброз медоранд, ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол душвор  гардида истодааст. Дар фарҷоми сухан мавсуф иброз доштанд, ки, мо шукргузор ҳастем, ки иқдомҳои пешгирифтаи кишвари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои иқдомҳои наҷиби Тоҷикистон арҷ мегузорад».

     Сипас, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар мавзӯи «Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба касбу ҳунар» андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки «Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта маҳсуб меёбад, бинобар ин тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими оилаву мактаб будаву ҳаст, зеро овони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ давраи ҳассосу пурмаҳсул, ҳамзамон барои тарбияи муҳаббат ба Ватан марҳилаи пурмасъулият ба шумор меравад. Тарбияи  ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун раванди ташаккули ботадриҷ ва устувори муҳаббат ба Ватан фаҳмида мешавад. Шахс бояд дар замири хеш ҳисси ифтихор ба Ватан ва мардуми худ,  эҳтиром ба дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаи аҷдодонро ташаккул диҳад.  Дар идомаи суҳбат Зафари Шариф таъкид доштанд, ки дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Президенти маҳбуби кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба тақвияти зеҳну  шуури ҷавонон бешак таъсири мусбат мерасонанд».

      Суханронии муовини декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Наботов Шариф ба масъалаи «Истифодаи дастурҳои библиографӣ дар раванди хизматрасонии китобхонавӣ» бахшида шуд. Ба гуфтаи мавсуф, «Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ба пешбурди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илми китобдорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт силсилаи комиёбиҳои назаррасро касб намудааст. Таъмин намудани китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо маводи зарурии методию библиографӣ  мутахассисони соҳаро вазифадор намуд, ки дар рушди соҳаи библиографияи тоҷик, бахусус ба назарияву услуби он таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд».

     Ҳайати профессорону омӯзгорони  факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Суфизода Шодимаҳмад., Шосаидзода Сафар., Маҳмудов Гадобег., Раҷабова Назира., Нодирзода Сайзароб., Валиев Ҷамил., Мансуров Некрӯз маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, мулоҳизаҳои муфидро дар доираи мавзӯи конфронс баён намуданд.        Ҳамзамон, дар назди устодон магистрантон ва донишҷӯёни факултет  М. Мирзоева, О. Ҳасанов, Ҳ. Ҷамолова, З. Шоймардонова,  К. Юсуфова ва  Наврӯзи Тухтамурод гузоришҳои худро дар мавзӯҳои   «Мутолиа дар низоми арзишҳои ҷомеаи муосир», «Нақши Пешвои миллат дар рушди фаъолияти китобдорӣ», «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳои илмӣ-соҳавӣ», «Фаъолияти илмию иттилоотии китобхонаҳои оммавӣ», «Нақши китоб ва китобхонӣ дар рушди ҷомеа» ва «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» ироа намуданд.

      Дар анҷоми кори конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ байни маърузачиён ва иштирокдорон табодули афкори судманд сурат гирифт.

 

Сафарзода МАВЗУНА,

коргузори факултети

китобдорӣ ва иттилоотшиносии

МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»