Имрӯз дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ҷашни Сада бо иштироки муовинони вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ва Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода,

ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва дигар чеҳраҳои саршиноси илму адаб ва фарҳангу санъати мамлакат чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

     Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳимми миллӣ табрик намуд. Роҳбари донишкада иброз дошт, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои ватандӯстона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам омад, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдодии мо, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо ба ҳисоб меравад.

  Зикр гардид, ки ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд. Яъне, мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну оинҳои хос доштаанд. Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин оинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту орзу ва ҳадафҳои неки худро дар доираи онҳо ифода мекарданд. Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид.

Ректори донишкада бо такя ба маъхазҳои таърихӣ иброз дошт, ки дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла, дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе матраҳ шудаанд: Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил, ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва бавижа ҷав бардошт кард. Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «сада, сада, сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз. Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад.” Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст.

Муҳриддин Низомӣ дар суханрониии табрикотии худ дар умум дар бораи зуҳур таърих ва эҳёи ҷашни Сада дар замони соҳибистиқлолӣ маълумоти мухтасар дода, баён намуд, ки баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имкон фароҳам оварданд, ки мардум ба асолати ҷашнҳои миллӣ бештар ошноӣ пайдо намуда, ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш бахшанд.

Сипас муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Сада табрик намуда, зикр кард, ки бо касби Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Зикр гардид, ки Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад.
Муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш тазаккур дод, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила хусусияти байналмилалӣ гирифта, оинҳои инсонсоз ва фарҳангу санъати оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷашни Сада ҳам бо саъю талоши миллати тамаддунофари мо дар шакли таърихии худ ба таври комил эҳё гардида, ҳавзаи таҷлили худро васеъ менамояд ва оқибат ҷаҳонӣ мегардад.

Дар бахши фарҳангии чорабинии ҷашнӣ композитсияи адабӣ бо унвони “Ривояти ҷашни Сада”, навозишҳои “Навои Сада” ва “Оини бостонӣ”, сурудҳои “Садоқати дӯст”, “Сада”, “Шаби маҳтоб”, “Кабки қафас”, “Чароғи ишқ” ва рақсҳои фардиву гурӯҳӣ зери номҳои “Ҷилваи Хатлон” ва “Куҳистонӣ” пешкаши ҳозирин гардонда шуданд. Дар идомаи таҷлили ҷашни Сада дар “Наврӯзгоҳ”-и донишкада бо афрӯхтани оташ маросими аслии ин ҷашни бостонӣ бо навохтани асбобҳои зарбӣ ва рақсу бозӣ ба ҷо оварда шуд, ки хеле ҷолиб ва фазои тантанавӣ дошт.

Инчунин, дар ҳошияи чорабинии фарҳангӣ конференсияи илмӣ — назариявии “Эҳёи ҷашни Сада дар замони истиқлол” баргузор гардид, ки дар он устодони донишкада Алишер Аминӣ, Фарҳод Махсудзода, Рустам Воҳидов, Санавбар Мирмуллоева, Сино Қудратов, Дилшод Умаров, Зоҳири Сайфулло, Пайрав Воҳидов ва Наргис Султонова маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, дар бораи ҷашни Сада ва ҷойгоҳи он дар замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Бояд зикр намоем, ки ҷашнҳои миллӣ дар донишкада ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, моҳияти онҳо тавассути баргузории семинару конференсияҳо ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ инъикос мегарданд.

Синои АБУАЛӢ