Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо ширкати муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини вазири фарҳанги кишвар Манучеҳр Шарифзода, ректори Консерваторияи миллӣ Миралӣ Достизода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода, духтари устод Фирӯза Турсунзода, ректори пешини донишкада Тамара Махсумова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ду чорабинии муҳимми фарҳангӣ — пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи нави устод Турсунзода ва Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” доир гардид.

      

Нахуст бо ҳузури иштирокдорони ҳамоишҳои фарҳангӣ таҳти навои мусиқии марғуб парда аз рӯи нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода бардошта шуд. Ҳамзамон, донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳурро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори хуби инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири фарзанди фарзонаи миллатро гиромӣ доштанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо ин падидаи фараҳбахш, ки боиси ифтихору шодмонии аҳли фарҳангу ҳунари кишвар, бахусус ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассиса гардид, табрик намуда, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд.

Сипас меҳмонон ва устодону донишҷӯён ба толори “Арғунун” ташриф оварда, дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бо унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ”ширкат варзиданд.

         

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­ду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоис­та намояд, бо халқ ҳам­нафасу ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият исти­фо­да созад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро  дар бар мегиранд.  Гуфта шуд, ки айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба беш аз пан­ҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тар­ҷума шудаанд.фарогири масъалаҳои рӯзгору осор, сабк, вижагиҳои сабкӣ ва хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори Мирзо Турсунзода буданд.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, ки мавзӯи дӯстии халқҳо дар ашъори Мирзо Турсунзодаро матраҳ мекард, гуфт, ки тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги кишвар, иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон  аст.

Баъдан духтари устод Фирӯза Турсунзода барои дар сатҳи баланд гузарондани  110- солагии падари бузургвораш ба ташкилкунандагони ҷашнвора изҳори сипос намуда, хотироти хешро аз ҳаёту фаъолияти қиблагоҳаш  баён намуд. Мавсуф, инчунин ба тарзи шеърхонии донишҷӯён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои ба ормонҳои хеш расидан пайваста меҳнат намоянд.

Тамара Махсумова — ректори пешини донишкада аз сафаре ба шаҳри Боку ёдовар шуд, ки ҳамроҳи академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода барои иштирок дар конференсияи байналмилалӣ  рафта буд. Ӯ бо ифтихор зикр кард, ки ин ду абармарди миллатро ҳамагон бо нидоҳои “Ғафуров, Ғафуров, Ғафуров!” ва “Турсунзода, Турсунзода, Турсунзода!” истиқбол гирифта, зимни суханрониашон кафкӯбиҳои бардавом намуданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки фарзандони содиқи Тоҷикистони маҳбубро на танҳо дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ҷаҳон шинохтаву эътироф кардаанд.

Дар поёни қисмати ифтитоҳии конференсия бахши фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки фарогири шеърҳои эҷоднамудаи  Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода буданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ