Китоб яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аммо барои он ки китоб вазифаи иҷтимоии хеш — ибратомӯзиро талқин намуда, инсонҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз марзу бум ва дастовардҳои миллат тарбия намояд, ворисони арзандаи таъриху тамаддуни аҷдодиро ба воя расонад, ҷӯяндагони ҳақиқатро ба самти дурусти дарёфти он далолат кунад, он бояд пурарзиш ва хонданбоб бошад. Барои офаридани чунин китоб муаллиф бояд ба умқи мавзуъ фурӯ рафта, заҳмату талошҳои зиёд ба харҷ диҳад.

     Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки соҳаи китобу китобдорӣ дар кишвар ҳамаҷониба рушд намоянд. Дар ин росто, як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба перафти соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳамзамон, дар ин давра нашри дастурҳои методӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, роҳнамоҳо ба забони давлатӣ бамаротиб афзуд, ки ба сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ мусоидат намуданд.

      Ҳадафи мо тарғиби «Роҳнамои китобдор (маводи роҳбарикунанда)», ки соли 2022 аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”  Ғуломзода Қурбон мураттаб шудааст, мебошад.

    Ишора намудан бамаврид аст, ки муҳаққиқони соҳа дар баробари масъулияти хизматӣ, доимо дар андешаю таҳлил ва навовариҳои фаъолияти китобдорӣ буда, вобаста ба проблемаҳои соҳа андешаҳои худро пешниҳод менамоянд.

        Бояд гуфт, ки «Роҳнамои китобдор (маводи роҳбарикунанда)» дар раванди омӯзиш аз муҳимтарин объекти таълимот ба шумор рафта, донишомӯзонро бо нуктаҳои муҳимми назариявӣ ва истилоҳоти соҳавӣ ошно менамояд.

       Хонанда дар маҷмуаи мазкур  бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба мафҳумҳои асосӣ, мақсаду вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои китобхонаҳо ва муассисаҳои интишоротӣ, вижагиҳои ҷамъоварӣ, коркарду ҷобоҷогузорӣ, ҳифзу нигаҳдории фонди китобхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи моликяти зеҳнӣ ва низоми интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ, навъҳои дигари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили оинномаву низомномаҳо, қоидаву тартиботҳо, ки ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо ва муассисаҳои интишорот мусоидат менамоянд, шинос мешавад. Маҷмуаи мазкур  барои донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ пешниҳод мешавад.

Шариф НАБОТОВ,  

муовини декани

факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии

МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»