Монографияи «Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ»-и Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ду даҳсола қабл ба манзури дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филологӣ, зери роҳнамоии профессор Худоӣ Шарифзода ҳамчун рисолаи номзадӣ таълиф ёфтааст. Муаллиф онро ба истиснои мутобиқ намудани матни рисола ба имлои имрӯзӣ ва тағйир додани сохтори муқаддима, ки тақозои таълифи монографӣ маҳсуб мешавад, бидуни камтарин тасарруф ва тасҳеҳу такмили дубора рӯйи чоп овардааст. Ин китоб, ҳарчанд бештар аз бист сол қабл аз сӯйи ҷавони тоза ба ҷодаи пурзаҳмати таҳқиқ ва олами бекарони адабиёт ба сурати тахассусӣ воридашуда навишта шудааст, аз назари тарҳи баҳсҳои муқаддимотӣ, масъалагузорӣ, таҳлилу баррасӣ, банду баст, пайванди мантиқии фаслу зерфаслҳо ва натиҷагириҳо чеҳраи нависандаи онро ба унвони муҳаққиқи соҳиби андеша ва дидгоҳи вижа ба намоиш мегузорад.

Ба таҳқиқу баррасии масъалаҳои поэтика нафаре метавонад машғул бишавад, ки аз донишҳои адабии асримиёнагӣ, мактабу ҷараёнҳо, асосҳои поэтикаи нормативӣ, илмҳои муосири адабиётшиносию нақди адабӣ ба таври тахассусӣ огоҳӣ дошта бошад. Баррасии масъалаҳои поэтика, бар хилофи пиндори бархе афрод, ки солҳои охир роиҷ шудааст ва мо гоҳ-гоҳ дар қолаби як рисолаи комил ва ё ба сурати фаслҳои алоҳидаи рисолаҳои илмӣ мушоҳида менамоем, танҳо аз баррасии ҷудогонаи вазну қофия ва санъатҳои бадеӣ иборат нест. Балки таҳти ин мафҳум баррасии тамоми унсурҳои сохторӣ, муҳтавоӣ ва ҳунарии асари бадеиро мебояд мавриди назар дошт, ки дар шаклгирии як асари бадеӣ заруранд. Хушбахтона, дар китоби мазкур муаллиф огоҳона ба масъалаҳои поэтика муносибат карда, баҳсҳои муҳимми поэтикаи ғазалиёти Атторро ба доираи таҳқиқ ворид кардааст, ки онҳо, дар маҷмуъ, ҷиҳати тақвияти ҷанбаҳои адабию зебоишинохтии ғазал муҳимму таъсиргузоранд.

Китоби «Поэтикаи ғазалиёти Аттори Нишопурӣ» аз нигоҳи сохтор аз муқаддима, се боб, ки ҳар боб шомили зерфаслҳо мебошад, хулоса ва китобнома таркиб ёфтааст. Муҳриддин Низомӣ дар ин рисола ба таҳқиқи масъалаҳои асосии поэтикаи ғазалиёти Аттори Нишопурӣ пардохта, барои таҳлилу баррасӣ ва ҳалли комили мавзуи мавриди назари хеш нахуст масъалаҳои пайдоишу ташаккул ва таҳаввули жанрии ғазалро то замони Аттор ба баррасӣ гирифта, сонӣ ба тартиб масъалаҳои алоқаманд ба сохтори композитсионии ғазалҳои шоир, такомулу таҳаввули жанрӣ, вазн, қофия, радиф, рамз ва бадеияти онҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Боби аввали рисола «Ғазал дар эҷодиёти Аттор» унвон дошта, аз ду фасл иборат аст. Муаллиф дар фасли аввал дар хусуси марҳалаҳои пайдоиш, ташаккулу таҳаввул, вижагиҳои шаклию муҳтавоӣ ва масоили дигар баҳс ороста, андешаҳои донишмандони асримиёнагӣ ва адабиётшиносони муосир, аз ҷумла Ҳ. Этте, Ш. Шефер, Ч. Пикеринг, Р. Леви, С. Айнӣ, З. Сафо, И.С. Брагинский, М.Л. Рейснер, Ш. Ҳусейнзода, А. Aфсаҳзод, Ш. Нуъмонӣ, Е.Э. Бертелс, Ҷ. Ҳумоӣ, П.Н. Хонларӣ, А. Мирзоев, З. Муътаман, С. Шамисо, Д. Сабур, А. Баузани, А.Н. Болдирев, М.Н. Османов, Х. Шарифов, А. Алимардон, М.Р. Фасоӣ, М.Ҷ. Маҳҷуб ва дигаронро баррасӣ карда, барои шинохти дурусти масъала ва таъйини нақши Аттор дар таҳаввули шаклию муҳтавоии минбаъдаи ғазал заминаҳои баҳси фасли дуюмро фароҳам меоварад.

Дар воқеъ, замони зиндагии Шайх Аттор ба марҳалаи асосии ташакули ғазал рост меояд, ки дар ташаккулу таҳаввули он дар радифи дигар шоирон саҳми ҳамин шоир низ хеле назаррас аст. Ба мушоҳидаи дурусти муаллиф, “шоирони ғазалсарои ин аҳд Анварӣ, Хоқонӣ, Асириддини Ахсикатӣ, Низомӣ ва дигарон, гарчи дар ибтидо ба силсилаю машраби ирфонӣ мутааллиқ набуданд, бо таъсири ғазалиёти Саноӣ матолиби ирфониро низ дар ғазалҳои хеш баён намуда, дар авохири умр рӯ ба тасаввуф овардаанд”.

Дар фасли дуюми боби якум, ки «Ғазалиёти Аттор ва такомули жанрии онҳо» унвон дорад, муаллиф баҳси хешро аз сохти композитсионӣ (устухонбандӣ) ва ё архитектоникаи ғазалиёти шоир оғоз карда, дар хусуси ғазали парокандаву воқеабанд, матлаъ, миқдори абёт, мақтаъ, тахаллуси онҳо баҳс кардааст. Бино ба андешаи муаллиф, ғазал дар эҷодиёти Аттор дар шакли такомулёфта зуҳур ёфта, «Девон»-и шоир шомили 873 ғазал мебошад. Ин миқдор ғазал на дар эҷодиёти шоирони то замони Аттор ва на дар ашъори муосирони ӯ ба назар намерасад. Муаллиф сабаби аслии ин амрро дар робитаи наздики миёни ирфону шеър ва созгории мақсудҳои ирфонӣ бо хасоиси ғазал арзёбӣ карда, ғазалро беҳтарин васила барои баёни ишқи лоязолӣ ва таҷрибаҳои ирфонии Аттор унвон мекунад.

Ҳамчунин, муаллиф дар ҳамин фасл ба ин назар аст, ки ғазалиёти Аттор аз нигоҳи шаклу мундариҷа тамоми хусусиёти ғазали мусталаҳро дошта, унсурҳои шаклии ғазал дар эҷодиёти ӯ устувор шуда, ҳукми қонунӣ гирифтаанд. Тибқи баррасии муаллиф, теъдоди абёти аксари ғазалиёти Аттор (86%) дар ҳаҷми 7-15 байтанд, ки чунин сохтори шаклӣ ба меъёрҳои мундариҷ дар осори назарӣ ва амалияи адабиёти форсии тоҷикӣ мутобиқ мебошад.

Боби дуюми рисола «Вазн ва қофия дар ғазалиёти Аттор» унвон дошта, дар се зерфасл таркиб ёфтааст. Муаллиф дар ин боб ба масъалаҳои вазн, қофия, радиф аз назари басомад, суратҳои истифода, вижагиҳову имконоти ҳунарии онҳо дар ғазалиёти Аттор пардохтааст. Мувофиқи таҳқиқи муаллиф, ғазалиёти Аттор аксар дар авзони хушоҳанг, ки ба ҷанбаи мусиқоии каломи шоир бетаъсир нестанд, суруда шудаанд. Шоир дар 63 вазни 12 баҳри арӯзӣ ғазал сурудааст, ки ин омор дар қиёс ба дигар шоирони ғазалсаро, бидуни шак, маҳорати Атторро дар истифодаи огоҳонаи авзони арӯзӣ ба намоиш мегузорад. Барои нишон додани миқдор ва анвои авзони ғазалиёти шоир аз ҷадвалҳои оморӣ истифода шудааст, ки барои мушоҳидаи умумии басомади авзон хеле муҳимманд.

Дар поёни баҳси ин фасл муаллифи рисола бар мабнои омори ба дастовардаи худ таъйид мекунад, ки 553 ғазали шоир (63,3%) дар шакли мусаддас ва 320 ғазал (36,7%) дар қолаби мусамман суруда шудаанд. Маълум мешавад, ки Аттор дар эҷоди ғазал бештар ба авзони кутоҳ иноят доштааст. Ҳамчунин, муаллиф дар ин фасл ба масъалаи таносуби вазн бо муҳтавои ғазал таваҷҷуҳ карда, ҷанбаи қавии мусиқоии авзони ғазалиёти Атторро мувофиқ бо рақсу самои сӯфиён медонад.

Аз баррасиҳои М. Низомӣ маълум мешавад, ки Аттори Нишопурӣ дар корбурди қофияву радиф ва истифода аз резакориҳои ҳунарии онҳо маҳорати баланд нишон додааст. Шоир бо огоҳии комил аз мабоҳиси фаннӣ ва вижагиҳои ҳунарию бадеии қофияву радиф барои таҳкикми ваҳдати шеър, тақвияти ҷанбаи мусиқоӣ, танзими эҳсосу афкор, истеҳкоми шеър ва кумак ба тадоии маонӣ аз қофия ва радифҳои зебо истифода кардааст. Ба андешаи муаллиф, Аттор дар истифодаи радиф ҳунар ва салиқаи хос дошта, аз 873 ғазали шоир 644-тои онҳо (74%) ғазалҳои мураддаф мебошанд. Муҳриддин Низомӣ бо таваҷҷуҳ ба назариёти адабии донишмандони асримиёнагӣ,  андешаҳои муҳаққиқони муосир ва зикри шоҳидҳои маъноӣ аз ғазалиёти Аттор ба резакориҳои ҳунарии шоир дар заминаи қофия ва радиф ишора кардааст, ки аз имтиёзоти китоби мазкур маҳсуб мешавад.

Як нуктаи қобили таваҷҷуҳ, ки мехоҳем, ба он ишора намоем, ин аст, ки то таълифи мазкур дар адабиётшиносии тоҷик таваҷҷуҳи шоистае ба ҷанбаҳои ҳунарии қофия ва радиф нашуда буд. Касоне, ки ба таҳқиқи масъалоҳи мазкур машғул шудаанд, маъмулан, ба таърифҳои илмӣ ва нукоти дигари ироашуда дар осори илмию таълимӣ қаноат карданд. Мутаассифона, имрӯз ҳам, бо вуҷуди таълифи осори илмию таълимии нав ва ба таври густарда матраҳ гардидани масъалаҳои мазкур, дар осори адабиётшиносии ҳавзаҳои дигари адабиёти форсӣ, ки масъалаҳои арӯз, қофия ва радифро аз нигоҳи зебоишинохтӣ ба баррасӣ гирифтаанд, бархе муҳаққиқон ба таснифоти илмӣ қаноат намуда, кӯшиш кардаанд, ки масоили мазкурро дар қолаби илмӣ тавзеҳ бидиҳанд. Дар ин сурат ҳунари шоир ба дурустӣ ошкор нагардида, пӯшида мемонанд. Ҳол он ки дар адабиёти суннатии мо шоирони зиёде, илова бар риояти нукоти мастур дар чаҳорчӯби назарии ин илмҳо, дар заминаи қофия ба ибдооти бадеӣ даст зада, ҳунарофариниҳо кардаанд.

«Тамоюлоти мавзуӣ ва хусусиёти бадеӣ» боби сеюми китоби мавриди назар буда, аз се фасл таркиб ёфтааст. Муаллиф дар ин боб масъалаҳои мавзуию муҳтавоии ғазалиёт, рамзиёт, воситаҳои баён ва бадеиёти ғазалиёти Атторро баррасӣ кардааст.

Ба андешаи муаллиф, Аттор дар ғазалиёти ирфонӣ ва қаландариёт аз рамз фаровон кор гирифта, маҳз тавассути ғазалиёти ӯ рамзиёти ирфонӣ ривоҷи тоза ёфтаст. Шоир бо касби таҷрибаи ғании ирфонию адабӣ луғоту маонии наве ба рамзҳои мутадовил дар шеьри суфия шомил сохтаст,  ки минбаъд мавриди истифодаи васеи шуарои мутасаввиф қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки муаллиф Атторро ба сифати яке аз бунёдгузорону мураввиҷони рамзиёти ирфонӣ шинохтааст.

Нуктаи дигари муҳим ва қобили таваҷҷуҳи дар ин таҳқиқ он аст, ки Муҳриддин Низомӣ бар мабнои таҳлилу баррасии ғазалиёти Аттор дидгоҳҳо ва назарҳои нодурустро бо зикри далелҳои муътамад инкор мекунад. Аз ҷумла, ба андешаи онҳое, ки шеъри Атторро содаву бепироя арзёбӣ кардаанд, муқобил баромада, бар ин назар аст, ки ғазалиёти шоир, илова бар шӯру тапандагии ирфонӣ, аз муҳассаноти бадеӣ ва воситаҳои тазйини калом орӣ нестанд. Шоир ба андозаи кофӣ ва ба ҳадди эътидол аз мақулаҳои баёну воситаҳои тасвири бадеӣ, чун тавсиф, ташбеҳ, истиора, киноя, талмеҳ, ташхис, муболиға, тазодду мутобиқа фаровон истифода бурдааст. Аттор, илова бар тасвиру таъбирҳои маъмул дар шеъри гузаштагон, гоҳо ба ибдоъ ва бозофаринии тасвиру таркибҳои тоза даст задааст, ки бештар дар ҳавзаи тавсифу ташбеҳ ва истиораю киноя назаррас аст. Воситаҳои навойин ва халлоқи баёну тасвир, ки солҳои охир ба мабҳаси кутуби балоғат ва бадеи урупоиён ва ҳамзабонони эронии мо кашида шудааст, чун мутаноқизнамоию ҳисомезӣ дар ғазалҳои Аттор фаровон ба кор рафтаанд. Аз миёни саноеи лафзӣ беш аз ҳама таҷнис ва анвои он, тасмит ё шеъри мусаҷҷаъ дар ғазалиёти Аттор истифода шудаанд.

Дар хулосаи монография дастовардҳои таҳқиқ натиҷагирӣ шудаанд. Хулосаҳои бадастовардаи муаллиф аз ҷомеият бархӯрдор буда, монографияи мазкурро ҷузъи арзишмандтарин китобҳои таҳқиқӣ дар заминаи мавзуи мавриди назар қарор медиҳад.

Муаллиф аз кулли манобеи адабию таърихӣ ва осори илмии марбут ба ҳиттаи таҳқиқи худ истифода карда, баҳсҳои фарогире дар иртибот ба мабоҳиси мавриди назари худ анҷом додааст. Дар миёни мабоҳиси мавҷуд андешаҳои тозаи қобили таваҷҷуҳ зиёданд. Аз ҷумла, ба мушоҳида мерасад, ки муҳаққиқони қабл аз М. Низомӣ матолиби марбут ба мабоҳиси баёну бадеъро ба сурати омехта ва аксар бо такя ба таснифоти донишмандони асримиёнагӣ баррасӣ мекарданд. Дар ин монография баҳсҳои алоқаманд ба илми баён ба сурати ҷудогона ва мабоҳиси алоқаманд ба фанни бадеъ ба таври алоҳида таҳқиқ шудаанд. Муаллиф аз назариёти назарияпардозони урупоӣ низ огоҳона баҳра бурдааст.

Мутолиаи китоби мазкур нишон медиҳад, ки муаллиф тавонистааст, дар асоси омӯзиши поэтикаи ғазалиёти Аттор ва натиҷаҳои масоили мавриди назари хеш, ба ин натиҷа бирасад, ки шоир дар такомули жанри ғазал хидмати арзанда карда, ғазалиёти ӯ барои таҳаввули минбаъдаи ин жанри шеърӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамин назар ба истифодаи огоҳонаи қолабҳои ҳунарии каломи манзуму мухайял низ дахл дорад. Аз ҷумла, Аттор дар гуфтани ғазал ва ғанӣ гардидани сохтори муҳтавоии он аз ҷумлаи пешгомон шинохта мешавад.

Монографияи «Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ»-и Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар илми адабиётшиносии имрӯз аз ҷумлаи пажӯҳишҳои мукаммалу ҷомеъ дар мавриди поэтикаи ғазалиёти Аттор маҳсуб мешавад. Ин китоб аз назари сохтор ва муҳтаво барои муҳаққиқони ҷавони адабпажуҳ манбаи муҳимми илмӣ ба ҳисоб меравад. Мо шоҳидем, ки қолаби сохторӣ ва назарии ин рисола барои ба миён омадани даҳҳо рисолаи дигар дар заминаи таҳқиқи масъалаҳои поэтика дар эҷодиёти шоирони дигар мусоидат кардааст.

 

Мисбоҳиддини Нарзиқул, д.и.ф., профессор,

Аминӣ Алишер Файзуллоҳ, н.и.ф., дотсент