-Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба ҳисобмеравад, як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим кафедраҳо барномаҳои таълимии худро, ки беш аз 200 адад мебошанд, мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуданд.
Ин нуктаро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар нишасти матбуотӣ, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар соли 2020 матраҳ шуданд, ба намояндагони васоити ахбори омма ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 20 нақшаи нави таълимӣ дар самти доктор аз рӯи ихтисос (PhD), магистратура ва бакалавр таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бо мақсади ба талаботи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ гардондани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аз фанҳои таълимии тахассусӣ 1 монография, 2 воситаи таълимӣ ва 27 дастури таълимӣ таҳия ва ба нашр расонда шуданд.
Зикр гардид, ки дар донишкада ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ барои гирифтани дараҷаҳои илмии унвонҷӯён, докторантон (доктор PhD) ва докторантон аз рӯйи рамзҳои 6D020400 — Фарҳангшиносӣ, 6D090600 — фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 6D041600 — санъатшиносӣ (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография, 6D091000 — иттиллоотӣ-китобдорӣ ва 6D050400 – журналистика таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Соли 2020 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 26 чорабинии илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва эҷодӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин давра панҷ нафар омӯзгори донишкада рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд, ки аз ин миён чор нафари онҳо соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳо гардиданд. Илова бар ин, дар соли 2020 омӯзгори донишкада Қурбони Собир ба гирифтани унвони илмии профессорӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президанти ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.
Бино ба иттилои Муҳриддин Низомӣ, дар донишкада 2 ихтисоси нав: “ВЕБ-журналистика” ва “РR-робита бо ҷомеа” ва кафедраи Технологияи кино ва телевизион ба роҳ монда шудааст, ки аз соли таҳсили оянда аз рӯи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда мешаванд. Стандарти ин ихтисосҳо таҳия гардида, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.
Донишкада бо 28 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, 14-уми сентябри соли 2020 дар доираи конференсияи байналмилалии “Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон” Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон аз тарафи ректорони донишкадаҳо ба имзо расид. Бо мақсади беҳтар намудани робитаҳои хориҷии донишкада 27-уми январи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо филиали Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар минтақаи Фарғона — шаҳри Қуқанд ба имзо расид.
Айни замон дар донишкада 86 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба донишкада барои таҳсил 30 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи шартномавӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тариқи бурсия муроҷиат намуда, ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда устодон ва донишҷӯёни донишкада ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи 2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз донишкада 2 нафар омӯзгор — Акрам Мирзоев дар номинатсияи овозхони эстрадӣ сазовори ҷойи 3 — юм (25000 сомонӣ), Қобилҷон Шарипов дар наминатсияи овозхони академӣ ҷойи 5-ум (15000 сомонӣ) ва донишҷӯ Фирдавс Маҳмудов соҳиби ҷойи 4-ум (20000 сомонӣ) гаштанд, ки дар муқоиса ба озмуни соли гузашта натиҷаҳо назаррасанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯ Мадина Зоирова дар номинатсияи «Адабиёти муосир» соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ шуд. Умедҷон Юнусалиев бошад, дар ҳамин номинатсия иштирок намуда, сазовори Сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба вижагиҳои қабули донишҷӯён, таъмини хатмкардагон бо ҷойи кор, тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, робитаҳои байналмилалӣ, шароити таҳсил ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ барои журналистон ва лабораторияи танзимгарӣ, ки бо таҷҳизоти навтарин таҷҳизонида шудаанд, дидан намуда, ба фаъолияти амалии донишкада аз наздик шинос шуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ