Устодон, кормандон ва  донишҷӯёни гиромӣ!

 Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик менамоям.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Воқеан, Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.

Фарҳанги парчамдории мо таърихи бостонӣ дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии  халқамон  мебошад.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар Шуморо бо камоли ифтихору сарфарозӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву бобаракат, дар ростои талошҳои ҳаррӯзаатон баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон муваффақияту комёбиҳои навбанав сарбаландиву саодат ва фаъолияти пурсамарро баҳри боз ҳам рушд намудани соҳаи фарҳангу санъати кишвар таманно дорам.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!