Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Наимзода дар робита ба иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” дар байни устодону донишҷӯён корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.          Таъкид ба амал омад, ки озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр); омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд ширкат варзанд.         Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.      Ба устодону донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

    — даври якум — моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

    — даври дуюм — моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

   — даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

   — даври чорум — нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал ҷойгир шудааст.

Додоҷон РӮЗИЕВ