Соҳаҳои фарҳангу маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷойгоҳи сазовор ва муҳимро  касб менамоянд.  Роҳбари кишвар ба ин соҳаҳо ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, фарҳангу маорифро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ ва устуворкунандаи таҳкурсии худшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шахс медонанд.  Соҳаҳои фарҳангу маориф дар фазои сулҳу амният ва дилбастагии мардум ба донишу ҳунар ривоҷ меёбанд, ки хушбахтона ин ду омил дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳузури бехалал доранд.

 Ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил дар ин ё он боргоҳи илму маърифат бахшида ба Рӯзи Дониш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли маорифи мамлакат Дарси сулҳ баргузор мегардад, ки ин анъанаи нек аз ғамхории Сарвари мамлакат нисбат ба аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагондарак медиҳад.  Имсол Дарси сулҳ бахшида ба Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара бо иштироки Пешвои миллат баргузор гардид, ки дар он суханронӣ ва мулоқоти самимии Роҳбари кишвар бо аҳли маориф сурат гирифт.

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид карданд, ки “дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад. Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд. Мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад”.

 Танҳо илму дониш ва фарҳанги инсонсоз воситаҳои пешбарандаи ҳар як ҷомеа  ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз гирдбоди бархӯрди манфиатҳо ва ҳуҷуми беамони фарҳангҳои бегона эмин нигоҳ медоранд. Ин аст, ки Роҳбари давлат дар муроҷиат ба аҳли маориф ва умуман аҳли зиёи кишвар таъкиди хос карда, зикр намуданд, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад.

 Барои амалӣ намудани ин ормонҳои воло Ҳукумати мамлакат фароҳам овардани тамоми шароити заруриро барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа шуморида, ба рушди  илму маориф аҳамияти хос медиҳад. Таҳаввулоти рӯзгор, набзи ноороми сайёра, шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳои абарқудратҳо доимо ҳушдор медиҳанд, ки дар ин шароит танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳимоят намуда, арзи вуҷуд дошта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф, шаҳрвандони ватандӯсту соҳибфарҳанг ва соҳибмаърифату донишманд бошанд.

 Бунёд кардани биноҳои муҳташами фарҳангию  мактабҳои наву замонавӣ ва бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо баҳри беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли ҳунару маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳукми анъана даромада, ғамхории Роҳбарияти олии кишварро  дар ҳаққи устодону омӯзгорон ва ташнагони ва ташнагони илму ҳунар бармало инъикос менамояд.

 Бино ба маълумоти изҳорнамудаи Пешвои миллат танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст, ки амалҳои наҷиби роҳбари дилсӯзу соҳибмаърифат ва фарҳангдӯст боиси ифтихор аст. Инчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар бунёд кардани 3700 бинои муассисаи таълимӣ ва таъсиси донишкадаву донишгоҳҳои зиёд самараи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буда, ин раванд собит месозад, ки дар кишвар насли созанда ва эҷодкору навовар ба воя расида истодааст.

 Мувофиқи омори расмӣ агар дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, ин шумора дар соли таҳсили 20222023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

 Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ва пойдории сулҳу амният аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.

 Пешвои миллат ба хотири тарбия ва огоҳ намудани ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандон дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ озмуни «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат»-ро дар мамлакат роҳандозӣ намуданд, ки дар ҷараён буда, аминем дар роҳи боз ҳам устувор намудани пайванди миллат бо асли хеш нақши муассир мегузорад. Инчунин тайи чанд соли охир баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм — фурӯғи маърифат» баёнгари он аст, ки  Пешвои миллат дурахши дубораи офтоби илму маърифат ва  фарҳангу санъати миллатро мехоҳанд ва дар ин самт  корҳои мондагореро ба сомон расонидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки шаҳрвандон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дорад. Соли ҷорӣ танҳо дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 240 ҳазор нафар иштирок намуданд, ки аз дилбастагии зиёди сокинон ба шеъру адаб шаҳодат медиҳад.  Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» низ миқдори иштирокдорон сол ба сол афзуда, аз таваҷҷуҳи ҷомеа хусусан насли наврас ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳӣ медиҳад.

 Бо назардошти нақши бузурги маориф дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат идома бахшидани ислоҳот дар соҳаи маориф, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддию техникии онҳо, таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 — 2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон, фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар меҳвари фаъолият қарор додааст.

 Мо бояд бо пайравӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва дар сояи Парчами мубаррову мубораки ватан ба хотири таҳкими истиқлолу озодӣ, пойдории давлати навини тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон рисолати шаҳрвандию ватандории худро содиқона ба ҷо оварда, дар пойдории сулҳу амният саҳмгузор бошем. Зеро, танҳо пойдории сулҳу амният ва суботи комил асоси рушди тамоми соҳаҳо хусусан, соҳаҳои маорифу фарҳанг мебошад. Ниёгони бузурги мо дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд ва мо ҳам бояд дар ҳама ҳолат солики ҳамин ҷодаи муқаддас бошем.

 Ҳамин тавр, афзалиятнок, калидӣ, омили амнияти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ номида шудани соҳаҳои маорифу фарҳанг аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем. Зеро илму ҳунар, воқеан, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро фароҳам меорад.

Корманди масъули бахши

илми МДТ «Донишкадаи

давлатии фарҳанг ва санъати

Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

ҚУДРАТОВ Сино