ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли 2020
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Ҳозирини гиромӣ!
Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” муассисаи таҳсилоти олии муосири дараҷаи давлатӣ буда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мавқеи устувор дорад. Муассиса соҳиби пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва зеҳнии қавие мебошад, ки дар давоми таърихи тақрибан 50-солаи фаъолияти он ташаккул ёфтааст.
Дар соли 2020 Раёсати МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” фаъолияти гуногунҷанбаи худро бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, татбиқи паҳлуҳои ба донишкада рабтдоштаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи табъу нашр», «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021 ва дигар барномаҳои соҳавиро сармашқи кори худ қарор додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати донишкада барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми аврупоӣ, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, як қатор тадбирҳои заруриро дар амал татбиқ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада қисми зиёди кафедраҳо барномаҳои таълимии худро, ки беш аз 200 адад мебошанд, аз ҳама фанҳои тахассусӣ мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуданд. Инчунин, 20 нақшаи нави таълимӣ дар самти доктор аз рӯи ихтисос (PhD), магистратура ва бакалавр таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин давра стандартҳои таълимӣ ба талаботи низоми аврупоӣ аз рӯи ихтисоси санъатшиносӣ, менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, фарҳангшиносӣ, осорхонашиносӣ, режиссураи телевизион, телеоператори кино ва ВЕБ-журналистика омода карда шуда, ба маркази таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис ва хулосабарорӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади ба талаботи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ гардондани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аз фанҳои таълимии тахассусӣ як монография, 2 воситаи таълимӣ ва 27 дастури таълимӣ таҳия ва ба нашр расонда шуданд.
Сессияи зимистонаи соли хониши ҷорӣ тибқи санадҳои меъёрии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Раёсати донишкада тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои раванди таълим ҷадвали ягонаи баргузории имтиҳонҳоро таҳия ва тасдиқ намуд. Тибқи ҷадвали мазкур сессияи санҷишу имтиҳонотӣ аз 10 — ум то 30 — юми декабр идома ёфт.
Дар маҷмӯъ, сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистонаи соли хониши 2020-2021 дар донишкада хуб ба роҳ монда шуда, азхудкунии фанҳои таълимӣ дар давраи фаъоли сессия 72,8 % ва дар ҳамин давраи соли гузашта 63,1% — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 % зиёд мебошад.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти таълимӣ дар донишкада комиссияи интиқол ва барқарор ба ҳисоб меравад, ки он дар доираи меъёрҳои низомномаи низоми кредитии таълим ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Дар соли хониши 2020-2021 ба комиссия аз ҷониби донишҷӯён 394 ариза пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба соли хониши 2018-2019 306 ариза зиёд мебошад.
Роҳбарият ва воҳидҳои сохтории илмии донишкада ба татбиқи нақшаи “Дурнамои рушди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои солҳои 2018-2022” оид ба рушди фаъолияти илмӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Фаъолияти илмии донишкада асосан дар заминаи илмҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар донишкада ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ барои гирифтани дараҷаҳои илмии унвонҷӯён, докторантон (доктор PhD) ва докторантон аз рӯйи рамзҳои 6D020400 — Фарҳангшиносӣ, 6D090600 — фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 6D041600 — санъатшиносӣ (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография, 6D091000 — иттиллоотӣ-китобдорӣ ва 6D050400 – журналистика таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Дар муассиса Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-043 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D090600 – Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, 6D091000 — Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва 6D020400 – Фарҳангшиносӣ фаъолият мекунад.
Аз самтҳои муҳимми дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад. Соли 2020 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 26 конференсияи илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра муҳокима гардиданд.
Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 126 нафар магистр ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар шуъбаи мазкур ба ҳайси докторант аз рӯи ихтисос (PhD) 24 нафар таҳсил мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2020 панҷ нафар омӯзгори донишкада рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд, ки аз ин миён чор нафар соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳо гардиданд. Ҳамчунин, дар соли 2020 омӯзгори донишкада Қурбони Собир ба гирифтани унвони илмии профессорӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.
Айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст ва 4 лоиҳа-мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи лоиҳаҳои грантӣ якчанд семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ оид ба таҳия намудани стандартҳои таълимӣ баргузор гардида, ҳамзамон бо экспертҳои миллӣ бо мақсади таҳия намудани стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ шартномаҳои корӣ ба имзо расонида шудаст.
Ҳамчунин, дар доираи мавзӯи илмии «Масъалаҳои рушди фарҳанги маънавӣ: вазъият ва дурнамо» (2017-2020) асосан диққати муҳаққиқон ба масъалаҳои методология ва методикаи омӯзиши масъалаҳои рушди фарҳанги маънавӣ равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи «Таҳқиқи ҳолат ва дурнамои ташаккули муносибатҳои муътадили маънавию ахлоқӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» дар соли 2020 асосан масъалаҳои назариявию методологии ҳаёти маънавию ахлоқии ҷомеа мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шуданд.
Дар раванди таҳқиқоти мавзӯи «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ- иттилоотӣ» (2020-2024) сарчашмаҳои назариявию методологӣ оид ба мавзӯъ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
Дар доираи мавзӯи илмӣ 1 дастури таълимӣ ва 12 мақола аз чоп баромад, инчунин иштирокчиёни лоиҳа дар 1 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 мизи мудаввар ва 3 семинари омӯзишӣ бо маърӯзаҳо ширкат варзиданд.
Аз 24 то 27 январи соли 2020 ҷиҳати таҳия намудани стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ дар заминаи стандартҳои аврупоӣ семинари омӯзишӣ бо иштироки олимон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки 3 рӯз идома ёфт. Семинари мазкур дар доираи лоиҳаи грантии «Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ» баргузор гардид.
Зикри як нукта муҳим аст, ки сол ба сол теъдоди довталабони ихтисосҳои журналист ва наворбардори воситаҳои электронии ахбори омма зиёд шуда истодааст. Вобаста ба ин, бо дастгирии роҳбарияти донишкада 2 ихтисоси нав — “ВЕБ-журналистика” ва “РR-робита бо ҷомеа” ба роҳ монда шудааст, ки аз соли таҳсили оянда аз рӯи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда мешаванд. Стандарти ин ихтисосҳо таҳия гардида, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст. Баъди тасдиқи он 8 барномаи таълимӣ: “ВЕБ-журналистика”, “Маҳорати журналистӣ дар воситаҳои электронии ахбори омма”, “PR- робита бо ҷомеа”, “Дипломатияи журналистика дар воситаҳои электронии ахбори омма”, “Режиссураи телевизион”, “Маҳорати режиссёрӣ дар воситаҳои электронии ахбори омма”, “Кинотелеоператори телевизион” ва “Маҳорати кинотелеоператорӣ дар воситаҳои электронии ахбори омма” аз тарафи олимони соҳа таҳия хоҳанд шуд.
Дар факултаи режиссура, кино ва телевизион кафедраи нав бо номи технологияи кино ва телевизион бо ихтисосҳои “ВЕБ-журналистика”, “РR-робита бо ҷомеа” ва “Кинотелеоператор” таъсис дода мешавад, ки аз соли таҳсили оянда ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард. Барои таъмини техникии таълими ин ихтисосҳо бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишкада аз ҳисоби лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои электронии ахбори омма дар шароити гузариш ба низоми кредитӣ” студияи таълимии телевизион ва радио, лаборатория-аудиторияи танзимгарӣ ва лаборатория-аудиторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ, хитоӣ ва ғайраҳо барои журналистони воситаҳои электронии ахбори омма бо таҷҳизоти навтарин омода карда шудаанд.
Матбааи донишкада бошад, баъди таъмин намудани якчанд номгӯи таҳҷизот, ки ҳоло дастрас нашудааст, пурра ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дар ҳолати ба кор шурӯъ намудани чопхона талаботи донишкада аз нигоҳи чопи силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва барномаҳои конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ пурра таъмин хоҳад гашт.
Инчунин, дар доираи лоиҳа аз ҷониби экспертҳои миллӣ стандартҳои нави таълимӣ бо ихтисосҳои “Фарҳангшиносӣ”, “Осорхонашиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ”, “Менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ” ва “Санъатшиносӣ” таҳия гардидаанд, ки аз ҷониби экспертҳои байналмиллалӣ баҳои мусбат гирифта, ба Вазорати маориф ва илм барои баррасӣ пешниҳод гардид. Ҳоло дар доираи лоиҳаи мазкур 7 барномаҳои таълимӣ омода карда шуда, барои хулоса ба кафедраҳои тахассусӣ ва раёсати таълим фиристода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 шумораи маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» аз чоп баромад, ки фарогири 55 мақолаи илмӣ мебошанд. Дар ин шумораҳо 25 мақола дар бахши фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 18 мақола дар бахши санъатшиносӣ ва 12 мақола дар бахши иттилоотӣ — китобдорӣ ва рӯзноманигорӣ чоп шудааст.
Айни замон дар донишкада 86 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба донишкада барои таҳсил 30 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи шартномавӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тариқи бурсия муроҷиат намуда, ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд.
Донишкада бо 28 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст. Бо мақсади беҳтар намудани робитаҳои хориҷии донишкада 27-уми январи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо филиали Донишкадаи санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар минтақаи Фарғона-шаҳри Қуқанд ба имзо расид.
Дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон 17 апрели соли 2020 конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои санъат ва фарҳанг дар мероси таърихии олимону мутафаккирони Шарқи асрҳои миёна” тариқи онлайн баргузор гардид. Ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур устодони донишкада мақолаҳои илмӣ пешниҳод намуда, инчунин тариқи онлайн маърӯза намуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М.З. мақолаи илмӣ дар мавзӯи “Нақши Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар таҳкими робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек”, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, дотсент Умедов М. дар мавзӯи “Фаридаддуни Аттор ва Ҷалолиддини Румӣ оид ба моҳият ва аҳамияти ахлоқ” ва мудири кафедраи бойгонишиносӣ Ҷобиров Р. дар мавзӯи “«Нақши академик А. А. Семёнов дар омӯзиши манбаъҳои асримиёнагӣ” маърӯза намуданд.
Бояд зикр намоем, ки 14-уми сентябри соли 2020 дар доираи конференсияи байналмилалии “Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон” Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон аз тарафи ректорони донишкадаҳо ба имзо расид.
Дар доираи созишномаи миёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи фарҳанги Олтой дар соли хониши 2020-2021 табодули донишҷӯён сурат гирифт. Дар ин раванд ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой 4 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисосҳои режиссёрӣ, режиссёри овоз, санъати театрӣ ва туризм ва 1 нафар ба зинаи магистратура дохил гардиданд. Аз сабаби паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус — (COVID-19) ва баста шудани сарҳадҳо донишҷӯён тавассути онлайн ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардида, ба ғолбон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Дар озмуни «Муаллими беҳтарини сол» омӯзгори кафедраи маҳорати актёрии донишкада, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Қурбони Собир ва дар озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол» донишҷӯи соли 2-юми муассиса Мадина Зоирова ғолиб омада, соҳиби диплом гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Мадина Зоирова дар номинатсияи «Адабиёти муосир» соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ шуд. Умедҷон Юнусалиев бошад, дар ҳамин номинатсия иштирок намуда, сазовори Сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои эҷодӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, тибқи Нақша-чорабиниҳои эҷодӣ, 4- ми март дарси «Устоду шогирд» бо иштироки шахсиятҳои маъруфи санъати касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлюба Дадабоева ва директори генералии Маркази санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Соҳибҷон Бегматов баргузор гардид.
Ҳамзамон бо ин, ансаблҳои “Фалак”, “Шашмақом”, “Созҳои нафасӣ”, “Зарбӣ” ва ансамбли рақсии “Бунафша”, ки роҳбарони онҳо ба воҳиди мустақили корӣ табдил ёфтаанд, дар зиёда аз 27 чорабинии сатҳи донишкадавӣ, 4 чорбинии шаҳрӣ ва 2 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат. варзиданд, ки ин омил дар тавсеаи фарҳанги миллӣ нақши муассир мебозад Илова бар ин ансамблҳо дар донишкада ҳамчунин “Оркестри созҳои халқӣ”, “Хори таълимӣ”, ансамблҳои “Доиранавозон”, “Чангнавозон”, “Созҳои халқӣ” ва дигар коллективҳои эҷодии базавии донишҷӯён амал мекунанд, ки барои сайқал додани маҳорати эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии иҷрокунандагии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд.
Дар соли сипаришуда устодон ва донишҷӯёни донишкада ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи 2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз донишкада 2 нафар омӯзгор — Акрам Мирзоев дар номинатсияи овозхони эстрадӣ сазовори ҷойи 3 — юм (25000 сомонӣ), Қобилҷон Шарипов дар наминатсияи овозхони академӣ ҷойи 5-ум (15000 сомонӣ) ва донишҷӯ Фирдавс Маҳмудов соҳиби ҷойи 4-ум (20000 сомонӣ) гаштанд, ки дар муқоиса ба озмуни соли гузашта натиҷаҳо назаррасанд.